(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дастгиронро худо дастгир аст!

Он кӣ кори некмардон мекунад,
Бо заифон лутфу эҳсон мекунад.
Бо шарофати сиёсати сулҳофари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чанде пеш дар саросари Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ид кардем. Ва ба ин муносибат мардум аз гузаштаи наонқадар дур - аз рӯзҳои мудҳише, ки солҳои навадум баъзе нохалафон ба сари халқ оварданд, бо надомат ва оҳи пурдарду афсӯси ҷигарсӯз ёд мекарданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ҳунрезиву аз гиребони ҳамдигар гирифтани додару бародар, ба коми оташ андохтани биноҳои ободу манзилу маконҳои бо машаққат сохтаи пиру ҷавон, дилҳои ҳанӯз ҳам решу дардмандро сахт фишор медоданд, боз ба дард меоварданд...
Меваи ин беақлиҳои кул ва нобасомониҳои мудҳиш - хориву зорӣ, гуруснагиву муҳтоҷӣ, маҳрумият аз дидори ҳамдигар, мурдаҳои бекафан ва чашмҳои ашкбори ҳазорон хурду калон ва пиру ҷавонҳои ноком буданд... Мардуми ташнаву гурусна шабу рӯз дар ёди як бурида нон чор сӯ медавиданд...
Ашхоси соҳиби ақли солим чун дар ҳама давру замон ҷон ба каф гирифта, кӯшиш ба харҷ, медоданд, ки миллатро аз вартаи бетагу роҳи пурхатари торику беохир раҳо диҳанд... Он касе, ки дар он рӯзҳои басе вазнину маргбор, заррае бошад ҳам, қадам дар роҳи некӣ бардошту дасти афтодае гарифт ва нони даҳонашро ба кудакони нокому беморони барҷомонда дод, ҳамеша сарбаланд асту маҳбуби дигарон мебошад...
Ёд дорам. Яке аз фарзандони дилсӯзу ғамхори Хуҷандшаҳр Ҳусейнҷон Солиев, ки худо ӯро гуё махсус барои некӣ кардан ба дигарон офарида бошад, он гоҳ, рӯзҳову шабҳои дароз дар чанголи фикру хаёлҳои печ дар_печ азият мекашид, роҳе меҷуст, то ки ба мӯҳтоҷон, дармондагон дасти ёрӣ дароз кунад. Ӯ, ки худ пазандаи чирадаст асту табиатан ҷавонмарди саховатпешае ҳам мебошад ва бо шарофати ин касбу ҳунари нодираш дар замони шӯравӣ ба бисёр шаҳрҳои машҳури ҷаҳон, амсоли Олмон - Лейптсиг, Руминия, Бухарест, Норвегия «Осло», шаҳри Линколни штати Небраскаи Иёлоти мутаҳидаи Амрико, Истамбул, Белгия ва ғайраҳо сафар карда, даҳҳо нишонҳои пурарзиш ва мукофотҳои арзанда насибаш гардидаанд, ба идораҳои дахлдор ва шахсони мисли худаш баҳиммату некхоҳ рӯ оварда, хоҳиш намуд, ки барои дар гушае сохтани ошхонаи хурдакаке, ки ба ашхоси ниёзманд ба таври ройгон таом хоҳад дод дасти ёрӣ дароз намоянд. Фикру дархости ӯро сарварони ҳукумати маҳаллӣ ва якчанд мардони дилсузу чораҷӯ, амсоли Ёрмалик Қаюмзоди дасткушоду ба маънои томаш олиҳиммат, ҷонишини Комиҷроияи вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) Муҳаббат Нозимова, комитети сулҳи ИҶШС раисаш А.Е.Карпов, хайрхоҳон - Ҷамолхон Ҳакимов, Насриддин Нурматов, Саидолим Бобоҷонов, ошпази номдор Абдуқаҳор Ҳасанов маъқул донистанд ва дастгирӣ карданд. Дере нагузашта бо номи «Чоршанбе» дар маркази шаҳр ошхонае дари худро кушод ва даҳҳо нафар гурезаву бенавоёнро бо хурокҳои гарм, ки бо дастони болаззату кушоди Ҳусейнҷон Солиев ва кормандони ӯ тайёр мешуданд, таъмин мекард. Ва зиёда аз 70 нафар мардуми нодору ниёзманд даст бардошта, дар ҳаққи родмардон пайваста дуои хайр менамуданд...
Имрӯз ҳарчанд Тоҷикистон қомати худро баланд бардошта, рӯ ба шукуфоӣ дорад, вале ба ҳеч, кас пинҳон нест, ки ҳанӯз ҳам тоифаи камбизоат, мӯҳтоҷону ниёзмандон ва онҳое, ки нафақа ё маоши ночиз мегиранд кам нестанд. Аз ин рӯ, роҳбари давлат - Президенти ҷумҳурӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳаққи ин тоифа гамхори зоҳир менамояд ва ҳукуматҳои вилояту шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону корчалонҳоро вазифадор менамояд, ки то метавонанд дасти мӯҳтоҷон бигиранд.   Иқдому дастури    пайвастаи  Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ  Раҳмон бобати дастгирии ҳамешагии аҳолии ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби пеш аз ҳама мақомоти маҳаллӣ амалӣ мегардад.
Дирӯз ҳамроҳи устод Атахон Сайфуллоев, шоири бачагон, санъаткор - Камоли рӯмонӣ бо коре ба микроноҳияи 34-уми шаҳр рафтем ва аз пиёдагард сӯҳбаткунон оҳиста роҳ мегаштем, ки ду нафар занҳои солхӯрдаи аврупоӣ андаке пештар аз мо бо овози баланд, ки оҳанги қаноатмандиву болидагӣ дошт бо ҳам мегуфтанд: - «Ай молодец! Большое ему спасибо! Дай бог ему здоровья!...»
Муаллим аз рӯи кунҷқобии касбӣ: - «Бабуля, за что, кому спасибо?!» - гуфтанду он ду нафар зани рус сӯи мо нигариста, бо забони тоҷикӣ афзуданд: - Ҳусейнбойба раҳмати калон! Ҳукуматба раҳмат!... кори нағз кард!... Ана, ошхона, номаш Акбар! - гӯён бо дастонаш ба сӯе ишора намуд яке аз онхо.
Маълум шуд, ки дар ҳамин қарибӣ, ҳамон Ҳусейнбой Солиеви ташаббускору саховатманд аз мавзеи микроноҳияи 34-ум ошхонаеро ба иҷора гирифта, ба халқ хизмат мекардааст ва дар як вақт барои донишҷуён бо нархи хеле арзон хӯрок додаву ба якчанд нафар камбизоатон бошад рӯзе як маротиба ройгон хуроки гарм медодааст. Мо, ки аз хурсандии пиразанҳо ба ваҷд омада будем ба тарафи рост тоб хӯрда, андаке роҳ гаштему қатори чанд манзилҳои обод биноеро дидем, ки дар пештоқаш бо ҳарфҳои калон-калон «Акбар» навишта шуда буд... Моро соҳиби даргоҳ, яъне иҷорашин Ҳ.Солиев бо чеҳраи кушод пешвоз гирифт ва сари як пиёла чои кабудӣ қаймоқӣ, аз асли воқеа огоҳ, гаштем: Даставвал ӯ ба мо дастаи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кард: Ҳуҷҷати аввал, мактуб ба номи Раиси шаҳри Хуҷанд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 06.06.2015 сол буд. Мазмуни мактуб: Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи гамхорӣ нисбат ба ниёзмандон ва «Соли оила» эълон карда шудани соли 2015 - ро мо аз таҳи дил дастгирӣ менамоем ва нияту кӯшиш дорем, ки аз рӯи ташаббус ва тавсияи Шумо - Раиси мӯҳтарам, Ҷамъияти хайриявии «Оила» ташкил намоем ва дар ин ҷамъият, бо иштироки оилаҳои намунавӣ шабнишиноҳои дороӣ аҳамияти тарбиявӣ дошта, вохӯриҳо бо аҳли адаб, шахсони барӯманди шаҳрамон ва дигар чорабиниҳои муфид барпо намуда, дар бобати ободиву тозагии кӯчаву маҳалҳо, қабристону дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ саҳм гузоштанро ташвиқу тарғиб менамоем. Ният дорем, ки намудҳои бисёр таомҳои милливу аврупоиро ба роҳ монда, ҷамъияти хайриявии «Оила»-ро минбаъд ба маркази таомҳои нодири миллӣ табдил диҳем ва аз ҳама муҳим он аст, ки бо дастгарӣ ва мададгории Шумо, тасмим гарифтем рӯзе як маротиба то ба 10 нафар эҳтиёҷмандон хӯроки ройгон пешниҳод намоем...
Маълум гардид, ки Раиси шаҳр мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ин иқдомро хуш пазируфтааст ва имрӯз чандин нафар баҳрабарон дар ҳаққи ӯ ва давлатдорон дуои хайр менамоянд.
Алҳол дар ин даргоҳ, ошпазҳои моҳир - Хуршед Шокиров, Абдуҳамид Бузруков, ташкилотчӣ ва муҳосиб Ҳикматулло Баҳодуров, хизматгузорон - Нигора Қулдошева, Отабек Исроилов, Беҳзод Рӯзиев, Некрӯз Нарзиддинов ва худи Ҳусейнбой Солиев барои мардум хизмати беминнат менамоянд, зиндагии худро низ ба хубӣ пеш мебаранду дар як вақт мардумро хурсанд намуда, дуои нек мегиранд. Зиҳӣ одамони чашми кордону боғайрат, дасту дилкушод ва хайрхоҳу ҳимматбаланд, ки бо нияти софу кору амали хушояндашон ба набзи гуворои зиндагӣ саҳми худро мегузоранд. Бехуда шоире нагуфтааст:

Бори худро худ кашидан нест чандон эътибор,

Мард он бошад, ки бори дигаронро ҳам кашад.

Сипос ба сарвари арзандаи шаҳрамон Раҷаббой Аҳмадзода, ки ҳамеша дастгиру мададгори кору иқдомҳои неканд ва мардум аз эшон розиву қаноатманд мебошанду дар ҳаққашон дуои хайр мекунанд: Умри дарозу бобаракат бинед! Хокро гаред, зар шавад! - мегӯянд ободиҳои шаҳри ба гулистон табдилгаштаро дида пирони нуронӣ ва даст ба рӯй мекашанд аз рӯи меҳру ихлос.
P.S.: Ман шарҳи ҳоли Ҳусейнбой Солиевро, ки дар чанд саҳифа сабт гардидааст хонда, ангушти ҳайрат газидам. Мо бо баъзеҳо, гуё аз наздик шиносем ва бо онҳо шишту хез дорем, вале шояд аз хоксориву фурӯтании эшон бошад, ки шахсияти он фардро хуб дарк накардаем. Ҳ.Солиев ҷаҳонгаштаи машҳур ва дорандаи чандин ордену медалҳои тилло ва дигар нишонҳои гаронбаҳо аст, ки арбобони бузурги давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои дурдасти хориҷӣ ба ӯ супоридаанд.
Ин чанд сатре, ки алҳол рӯи қоғаз овардем, дар ҳаққи ин ҷавонмард ва хизматҳои шоистаи ӯ аз баҳр қатрае мебошад. Ҳусейнбой Солиев ҳаққу ҳуқуқи қаҳрамони асари хонданбобе будан дорад, ки мо, адибон, дар ин бобат аз ӯ қарздорем...

Маҳкам ПӮЛОД

нависанда

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...