22 Июн 2015
Ҳар миллат ва ҳар халқро танҳо истиқлолияти комил ва ваҳдати пойдор ба кӯи мурод расонидааст.
Имрӯз дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат аз сулҳу ваҳдат, созандагию бунёдкорӣ сухан мегӯянд. Дар бораи корнамоиву ҷоннисориҳои Сарвари муаззами кишвар ҳарф мезананд, ки Ватанро ободу мардумонашро шод гардонд, нақбу пулҳои замонавӣ, неругоҳҳои барқӣ-обӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим сохт. Ин ҳама хушиҳо самараи ҳамон Созишномаи сулҳест, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расида буд ва ҳамасола бо як дилгармии беандоза ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Самараи ваҳдат аст, ки шаҳри Хуҷанд дар муддати 18 соли Ваҳдати миллӣ ободу зебо гардида, иншоотҳои азим, ба монанди-Нишони давлатӣ дар соҳили дарёи Сир, қомат афрохтани пайкараи асосгузори давлати бузурги тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо силсилафаввораҳо, ҳавзи шиновариву майдончаи яхмолакбозӣ, варзишгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», Кохи матбуот, Қасри варзишӣ, Кӯдакистони Президентӣ, Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва амсоли онҳо сохта, ба истифода дода шудаанд.
Бо иштироки Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дашти Сомщори ноҳияи Бобоҷон Щафуров ба бунёди як шаҳри нави замонавӣ, ки Сайҳун номгузорӣ мешавад, асос гузошта шуд. Ҳамаи ин бори дигар собит намуд, ки Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ арзишҳои волое мебошанд, ки давлати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва аз ин хотир вазифаи муқаддаси ҳар яки мо он аст, ки пояҳои давлатдории миллии худро боз ҳам таҳким бахшида, барои фардои дурахшони миллат заҳмат кашем.
Эътимоди комил дорам, ки мо дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ барои ҳифзи ваҳдати сартосарии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи имкону тавонмандиамонро ба кор бурда, дар соли 2015-«Соли оила», Соли рушди фарҳанг ва гулҳо, идомаи Соли роҳҳои обод барои баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ ва таҳкими оила, сарсабзу гулзор намудани диёрамон ҷидду ҷаҳд менамоем, зеро қудрати мо дар ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, бародарӣ ва Ваҳдат аст.
Дар ин лаҳзаҳои идона бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ ин санаи муқаддасу тақдирсозро ба ҳамаи мардуми шарифи Хуҷандшаҳр сидқан табрику муборакбод мегӯям.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббоӣ Аҳмадзода