02 Май 2015
Қисмати дуюми рӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба табрик ва аёдати иштирокдорони ин ҷанг рафт.
Раҷаббой Ахмадзода ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ,- Мамадхон Ишонов, Ӯрунов Ҷурабой, Самеъ Ҷалилов ва Маҷид Ғаниев омад. Раиси шаҳр ин мардони фидокорро бо фарорасии Иди Ғалаба табрик намуда, таманниёти неку орзуҳои самимонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба хотири ин санаи фархунда ба онҳо расонд. «Мардонагию шуҷоатмандӣ ва зиндагиномаи Шумо барои мо ва наслҳои оянда дарси матонату шуҷоатмандӣ буд ва минбаъд низ мемонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд,ки қаҳрамониҳои Шумо намунаи барҷастаи ватандорӣ аст, Мо аз Шумо ифтихор мекунем ва ҳамеша дар хизмати Шумо ҳастем.»- зикр намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода ба хабаргирии сокини шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Ҳаким Карим Монадниссо Усмонова омад. Номбурда шавҳари худро ба ҷанг гусел карда, дар ақибгоҳ барои таъмини ғалаба меҳнати садоқатмандона кард. Баъди гирифтани «хати сиёҳ»-и шавҳараш бе сарпаноҳ монда бошад ҳам се фарзанди худро бо воя расонда соҳиби оила намуд.
Раиси шаҳр бо ин пиразани 93 сола сӯхбат намуда таъкид дошт, ки ҳукумати маҳаллӣ ҳамеша вазъи иҷтимоии чунин шахсонро зери парастории худ қарор додаст.
Ба ҳамаи аёдатшудагон кӯмаки яквақтина иборат аз маводи ғизо дасрас карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар маркази вилоят,- шаҳри Хуҷанд имрӯз 23 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.