30 Апрел 2015
Имрӯз роҳсозони идораи «Суғдроҳ» қисмати дигари кӯчаи ба номи Шариф Раҷабовро оғоз намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳаллаи «Раззоқ» омада, аз рафти корҳои ободонии кӯчаи мазкур огоҳ шуд.
То имрӯз бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии шаҳри Хуҷанд ва иштироки фаъолонаи сокинон зиёда аз як километр роҳ таъмири пурра гардида, давоми ду рӯзи дигар роҳсозон ният доранд, боз наздик се ҳазор метри мураббаъ асфалт хобонанд.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд соли равон зиёда се келометр роҳи маҳаллаи мазкур аз таъмири хушсифат бароварда шуда, боз таъмири ҷории чанд кӯчаҳои ин маҳалла пешбинӣ шудааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми сухбат бо сокинони ҷамълмада сӯхбат намуда, қайд намуд, ки имсол низ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷроиши дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бобати аз таъмир баровардани тамоми кӯчаю хиёбонҳои шаҳр идома хоҳад дод.