27 Апрел 2015

Ба ин муносибат дар муассисаи мазкур расми қабули таҷҳизот бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамоши табибону кормандон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд қабл аз ҳама аз сифати хизматрасонии беморхона изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ҳифзи сиҳатии мардум, ҳимояи манфиатиҳои иҷтимоии сокинон дар таваҷҷӯҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Бинобар он яке аз қисматҳои асосии буҷаи маҳаллӣ, ин маблағҳои ба ин самт расона шуда аст.
Маблағи умумии таҷҳизот 300 ҳазор сомонӣ буда, он аз 17 намуди воситаҳои техники тиббӣ иборат аст.

Ҳамзамон лозим ба ёдоварист,ки соли равон барои таъмири куллии шӯъбаҳо ва тунукапӯш намудани боми бинои муолиҷавии бемористон 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуда, корҳои таъмир ва азнавсозӣ бо маром идома дорад.