23 Апрел 2015
Дар ниҳоят орзуи сокинони маҳалла амалӣ гашт. Масъулини сохторҳои шаҳр дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дар саҳни ҳавлии биноҳои баландошёна дар якҷоягӣ бо бошандагони ин маҳалла майдончаи варзиширо омодаи истифода намуданд.
Дар ифтитоҳи он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштиок намуда, бо сокинони маҳалла мулоқоти самимӣ орост. Раҷаббой Аҳмадзода барои саҳми фаъолонаи мардум дар корҳои ободонии маҳалла таъкид намуд, ки «Ҳар дастуру иқдоми неки Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоятгари амалҳои неки мардуми мо аст. Мо бояд ҳамеша баҳри амалисозии ин сиёсати ободкории сарвари давлат ва дастури Раиси вилояти Суғд мухтарам Абдураҳмон Қодирӣ як дилу як маром бошем. Мо итминон дорем, ки ин ташаббуси ободнию зебо гардондани маҳалла намунаи ибрат хоҳад буд».
Лозим ба ёдоварист,ки биноҳои бисёрошёнаи маҳалла соли 1975 мавриди истифода қарор гирифта, соли ҷорӣ ба бунёди он 40 сол сипарӣ гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин ҷамъомадагони чарабинӣ ва сокинони маҳалларо бо бо ин санаи хотирмон табрик гуфта таъкид намуд, ки суннати маҳалладорӣ, маърифати шаҳрдорӣ бояд аз ҷониби калонсолони маҳалла ба насли имрӯза омӯзонда шавад. Зеро яке аз рукнҳои тарбияи ҷавонон дар руҳияи солими ватандорӣ аз арзишҳои зикргардида ибтидо мегирад.
Дар суханони ҷавобии худ сокинон сипосмандии худро ба давлату ҳукумати кишвар ва мақомоти маҳалли бобати сари вакт иҷро намудани дархосташон баён намуданд.