22 Апрел 2015
Бо назардошти он, ки баробари фаро расидани фасли баҳору гармо эҳтиёҷи сокинони шаҳр ба мавзеҳои истироҳатӣ,боғу гулгашт ва фароғатгоҳҳо бештар мегардад, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баробари боздиди худ аз чанд мавзеҳои гулкорию сабзпӯшгардида ба Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ғалаба» омад.
Давоми чанд рӯз аст, ки дар ин боғ корҳои таҷдиду азнавсозӣ, ободонӣ ва насби аттраксионҳои дилхушкунанда идома доранд. Раҷаббой Ахмадзода ба мутахассисон дастур дод, ҳангоми насбу ҷойгир намудани таҷҳизот тамоми талаботи бехатарӣ ва технологӣ қатъиян риоя карда шуда, марҳилаи таҷрибавии он зери назорати масъулону муҳандисон сурат гирад. Ҳамчунин Раиси шаҳр дастур дод, ки то санаи таҷлили Рӯзи муҳофизати кӯдакон пурра омода гашта, барои сокинон дар ин рӯз хизмат расонад.
Сипас Раиси шаҳр бо ҳамроҳии масъулини соҳаҳои сохтмон меъморӣ, идораи ободонӣ қисматҳои дигар ин мавзеро аз назар гузаронда, ба шахсони масъул бобати давоми ду моҳ пешниҳод намудани лоиҳаи макони сохтмони майдончаи варзишӣ ва бунёди маҷмаи ёдгории қурбониёни садамаи Чернобил супориш дод.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки макони ҷойгиршавии ин боғ дар соҳили дарёи Сир ва мавҷудияти дарахату ниҳолҳои сояафкан, барои ба фароғатгоҳи хубу замонавӣ табдил додани он мусоид аст.