21 Апрел 2013
Аз санаи 13-ум то 20-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров ҳафтаи конфронсҳои илмӣ гузаронида шуданд. Дар факултети филологияи тоҷик низ ба монанди факултетҳои дигар конфронси илмии устодону олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Устодони кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷума дар конфронси апрелӣ 10 маърӯзаи пурмӯҳтаворо бо ҳам шуниданд. Бахусус, дотсентон Муҳибахон Зикриёева, Мутрибахон Мавлонова, номзадҳои илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова, Абдуқодир Шехов, сармуаллимон Дилбар Самадова, Каримбой Комилов ва дигарон бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад карданд.Дар конфронси илмии донишҷӯён бошад, нӯҳ маърӯза шунида шуд, ки мавзӯъҳои мухталифи соҳаи рӯзноманигорӣ ва таърихи матбуоти тоҷикро дарбар гирифт. Ҳимоякунандагони корҳои илмӣ донишҷӯёни курсҳои 1-4 буданд, ки ҳар яке бо мавзӯъҳои ҷолиби худ диққати ҳозиринро ҷалб карданд.
Баъди шунидани маърӯзаҳо устодон хулосаи худро баён намуда, ҷойи якумро ба донишҷӯи курси сеюм Исфандиёр Ҳайитов барои маърӯзааш бо номи «ВАО ва инъикоси кӯдак» (роҳбари илмӣ сармуаллима Дилбар Самадова), ҷойи дуюмро ба донишҷӯи курси чорум Дилошӯб Орифзода барои маърӯзааш бо номи «Инъикоси санъати театр дар ВАО» (роҳбари илмӣ профессор Матлуба Хоҷаева), ҷойи сеюмро ба донишҷӯи курси чорум Субҳиддин Қодиров барои маърӯзааш бо номи «Таърихи таъсиси рӯзномаҳои хусусӣ дар вилояти Сущд» (роҳбари илмӣ, дотсент Мутриба Мавлонова) сазовор донистанд.