1046
(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)
21 Апрел 2015
Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи зарурӣ истиқбол намудани 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина омода намудани иншооти таъиноти гуногуни соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ба тантанаҳои марбут ба чорабинии зикргардида, ҳамчунин дастури Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи апрели соли 2015 ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ободониро бо унвони «500-рӯзи ободонӣ» қарор имзо намуд.
Дар асоси ин қарор ба муовинон ва роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр супорида шудааст, ки нақшаи мукаммали чорабиниҳои марбут ба ободонии шаҳрро мувофиқи минтақаҳои аҳолинишин ва саноатӣ таҳия ва тарҳрезӣ намуда, барои тасдиқ ба Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ» бояд нақшаи гузаронидани корҳои ободониву кабудизоркунии шаҳрро таҳия намояд.
Шарҳ додан