21 Апрел 2015
Бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба таҷлили 70 солагии Иди Ғалаба аз болои фашистони гитлерӣ оташи абадии ин ёдгорӣ аз нав барқарор карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки муҷассамаи мазкур соли 1975 бахшида ба 30 солагии ғалабаи мардуми шӯравӣ бар фашизм бунёд ёфта тибқи лоиҳа яке аз қисматҳои ин ёдгорӣ оташи фурӯзон чун рамзи поси хотири ҷоннисорони ватан буд. Минбаъд оташи абадӣ дар пояи муҷассами шаҳидон давоми сол фурӯзон хоҳад буд.