11 Апрел 2015
Бо ин мақсад сокинони биноҳои № 83 ва №85 бо аризаи дархостӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд санаи 08 апрели соли равон муроҷиат намуданд.
Дар аризае,ки 16 нафар бошандагони биноҳои номбурдаи хиёбони И. Сомонӣ имзо мондаанд, пешниҳоди дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр асфалтпӯш намудани саҳни ҳавлӣ ва кӯчаи роҳгузари ин биноҳо Ҳамчунин бунёди майдончаи варзишӣ барои бозии валейбол зикр гардида буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳи масъулин ва роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои мулоқот ва шиносоии бо вазъу имконияти иҷроиши пешниҳоди сокинон ба назди шахсони муроҷиатнамуда омад.
Баъди баррасӣ ва муҳокимаи пешниҳод дар якҷоягӣ бо сокинони маҳалла мувофиқа гардид, ки корҳои мумфаршкунӣ ва бунёди майдончаи варзишӣ дар якҷоягӣ бо иштироку саҳми истиқоматкунандагони ин биноҳо ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд барои гулкорӣ ва сабзпӯш намудани майдончаҳои назди биноҳои мазкур сипосмандӣ намуда аз сокинон даъват намуд, ки барои боз ҳам обод гардондани маҳалли зисти худ бештар фаъол бошанд.