17 Апрел 2013
Хонандагон иттилоъ доранд, ки бо дастгирии ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва дар доираи 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ чойхонаи солҳо бекорхобидаи «Сирдарё», воқеъ дар соҳили чапи дарёи Сир пас аз таъмири пурра азнав ба фаъолият шурӯъ намуд.
Ҳар рӯз даҳҳо нафар ашхоси пиру ҷавон ба ин макони зебову дилфиреб омода, ҳам ғизои моддӣ ва ҳам ғизои маънавӣ мегиранд. Зеро, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хоса Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов ва иқдоми наҷиби Кумитаи иҷроияи
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии раиси кумита Наим Маликисломов баҳри фароғати комили мизоҷон ҳар ҳафта рӯзи чаҳоршанбе дар вақти нисфирӯзӣ (соатҳои 12:00 – 13:30) суруду мусиқиҳои зинда (бе истифодаи фонограмма) дар иҷрои санъаткорони Хонаи маданияти рақами 1-уми шаҳр таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Азимҷон Аҳроров пешниҳод мегардад.
Давоми се ҳафта аст, ки ҳунармандони гурӯҳи «Мерос» бо роҳбарии Шарифмуҳаммад Ниёзов ва гурӯҳи «Сайёра» таҳти сарварии Муродҷон Азизов бо оҳангу сурудҳои классикӣ ва рӯҳнавозу дилнишин, воқеан ба таври зиндаи навозишу сарояндагӣ (яъне бе истифодаи фонограмма) табъи мизоҷони чойхонаро хуш мегардонанд.
Собиқадори соҳаи нигаҳдории тандурустӣ Абдурашид Шарифов аз номи пирони хирад ва дуогӯй барои муҳайё намудани чунин шароити фароғату истироҳат миннатдориашро ба Раисони вилояту шаҳр ва кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баён кард.