10 Июнь 2013
Недоступен ни однин перевод.
Бо шарофати сулҳу ваҳдат ва оромиву суботи ҷомеа корҳои созандагиву ободонӣ ва зина ба зина беҳтар шудани зиндагии мардуми озодандешу сулҳпарварамон муҳити созгору мусоид эҷод гардид, ки ободии маҳаллаву кўча, хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд далели равшани он мебошад.
Ҳамасола таҳти сиёсати дурбинонаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода садҳо иншооти хурду бузург сохта, ба истифода дода мешаванд.
Имсол низ дар арафаи рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар иншооти ҳаётан муҳим-кӯдакистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи стандарти ҷаҳонӣ барои 600 нафар кӯдакон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ба истифода дода хоҳад шуд.