17 Январ 2015
![Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд.](/images/thumbnails/images/stories/navgoni/img_01.15/16_400x267-200x134.jpg)
Дар қабули шаҳрвандон ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мутасаддиёни шӯъбаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр низ иштирок намуданд. Вобаста ба масъалаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ 14 нафар, таъмини хобгоҳ 6 нафар, барои расондани кӯмак ба сохтмони манзил ва гирифтани кӯмаки яквақтаи ройгон 7 нафар, муроҷиат намуданд.Ҳамчунин чанде аз шаҳрвандон ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири баҳси манзил, кӯмак барои харидории доруворӣ ва табобат, мусоидат барои сафари ҳаҷ низ муроҷиат намуданд.
![Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд дархости 53 нафар сокинонро баррасӣ намуд.](/images/thumbnails/images/stories/navgoni/img_01.15/17_400x267-200x134.jpg)
«Ҳар як шаҳрванд бояд дар мавриди ҳалли мушкилоти худ, мӯҳлату роҳҳои баррасии он сари вақт огоҳ бошад, Вазифаи асосии ҳар як масъули давлатӣ аз хамин иборат аст.»-таъкид намуд Раиси шаҳри Хуҷанд.
Ҳамагӣ дар ин рӯз 53 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ба Раиси шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуданд.