(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ бо иқдоми маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи ин муассисаи таълимӣ бахшида ба фаъолияти меҳнатии собиқадори меҳнат Абдуваҳҳоб Шарипов конфронси адабӣ таҳти унвони «Зиндагиномаи ибратомӯз барои ҷавонон» баргузор гардид.

Дар конфронс устодон, донишҷӯён, собиқадорони коллеҷ, аз ҷумла собиқ директорон Эшон Маҳмудов, Мақсуд Иномҷонов, Мирзо Азизов, Абдумаҷид Абдуллоев, Муътабар Раҷабова, Мунаввара Мамадова, Мавҷуда Қодирова, Моҳӣ Қодирова, Хурсандой Ашӯрова, Маъсуда Ғаниева, Мавлуда Аҳророва ва дигарон иштирок доштанд.
Нахуст аз ҷониби директори Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Алимат Мавлонзода роҳи тайкардаи ибратбахши Абдуваҳҳоб Шарипов ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки рисолати зиндагӣ чунин буда, ки ҳар кас ба қадри ҳиммату имконияти хеш дар рушду такомул ва ғанӣ сохтани маърифати инсонӣ ҳиссагузорӣ мекунад. Яке аз чунин нафарон Аълочии тандурустии ИҶШС, дорандаи Медали шуҷоат барои меҳнат Абдуваҳҳоб Шарипов мебошад. Устод аз ҷумлаи нафароне мебошад, ки аз оғози фаъолияти корӣ дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ дар ҳамаи самтҳои муассиса меҳнати шоён намудааст. Устод бо фаъолияти кории назаррас ва бо хизматҳои арзандааш ба мақому мартабаи баланд расидааст. Роҳи тайкардааш барои имрӯзиён намунаи ибрати омӯзиш аст.
Зикр шуд,ки ифтихори мо, устодони муассиса, шогирдон, аз он аст, ки устоди мушфиқу меҳрубон ва дар таълиму тарбия сахтгир, сахтгирӣ барои беҳбудии кор ва беҳбудӣ барои ояндаи неки ҷомеа нигаронидашуда, ки кам инсонҳое, имрӯз дар ҷомеаи меҳнатӣ дарёфт мешаванд, ки ба кору фаъолияти худ содиқ бошанд.
Абдуваҳҳоб Шарипов аз зумраи онҳое, маҳсуб меёбад, ки бо барӯмандӣ ва шахсияти нотакрори худ маҳбуб гаштаанду дар дилу дидаи мо устодону шогирдон ҷой гирифтаанд. Фаъолияти кории устод аз моҳи августи соли 1973 пас аз хатми факултети химия ва биологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Хуҷанд дар омӯзишгоҳи тибби шаҳри Хуҷанд, имрӯза Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ ба ҳайси омӯзгор оғоз гардидааст.
Абдуваҳҳоб Шарипов дар кафедраи химия ва биология ҳамчун омӯзгори фанни биология дарс мегуфт. Истеъдод, маҳорати касбии баланд доштан ба ӯ имконият медиҳад, ки мудири факултети фелдшериро ба ӯҳда гирад.
Сипас аз тарафи раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Олимхӯҷа Маллаев дар бораи фаъолияти кумитаи иттифоқи касаба дар вилояти Суғд ва саҳми собиқадорон дар соҳаи тандурустӣ ва пешравии он маълумот дода, зиндагиномаи Абдуваҳҳоб Шарипов ҳамчун намунаи ибрат барои ҷомеа арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд,ки мавсуф дар вазифаи кумитаи иттифоқи касаба низ сарбаландона адои хизмат намудааст.Дар самтҳои тарбия, ки дар филиалҳои коллеҷ, ки дар ноҳияҳо ҷой доштанд, ҳамчун мутахассиси тарбия фаъолияти назаррас дорад. Солҳои раиси кумитаи иттифоқи касаба буданаш Хобгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд байни давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҷои аввалро сазовор гардида буд, ки ин худ нишонаи меҳнати софдилона ва бо масъулияти баланд иҷро намуданро дорад. Дар асл ин гуна зиндагӣ ва фаъолияти шоиста ҳамзамон худ дарс аст, дарси ибрат, дарси одамият. Имрӯз шумораи сифатҳои нек ва корҳои пурарзиши устод басо фаровон аст.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ Абдуваҳҳоб Шарипов бо нишони сарисинагии Кумитаи иттифоқи касабаи Чумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда шуд.
Дар чорабинӣ Мунисахон Умарова раиси кумитаи иттифоқи касабаи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исҳоқӣ низ баромад намуда, аз хислатҳои накӯи Абдуваҳҳоб Шарипов маълумот дод.
Дар конфронс собиқ ҳамкорон, шогирдон низ баромад намуда, аз зиндагиномаи ибратбахши Абдуваҳҳоб Шарипов нақлҳо карданд.
Абдуваҳҳоб Шарипов барои ташкили чунин конфронс ба роҳбарияти Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд арзи миннатдорӣ баён намуда, зикр дошт, ки дар оянда низ баҳри хизмат ба Ватану миллат омода аст.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ анҷомбахши конфронс буд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...