16 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Санаи аз 10 то 14 –уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии Шашмақом баргузор гардид. Дар фестивал ҳунармандони ансамблҳои мақомхонони шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳамчунин, ҳунармандон аз давлатҳои хориҷӣ низ ширкат варзиданд. Аз ҷумла, аз кишварҳои ҳамсоя ва ҳамфарҳанг Ӯзбекистон, Озарбайҷон, Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон бо ҳунарҳои нотакрор дар барномаҳои консертии фестивал баромад намуданд.
Аз вилояти Суғд иштироки якчанд ансамблҳои шашмақомхон ба фестивал дар асоси интихоби гурӯҳи махсуси тадорикоти фестивал муайян шуданд ва ба фестивал даъват шуданд. Тибқи комиссия ду нафар ҳунарманд Ҳалимҷон Салимӣ ва Ш. Саломов аз ансамбли “Нури Хуҷанд”, аз шаҳри Бӯстон - Насиба Амонбоева ва Абдураҳмон Сатторов ва ансамбли мақомхонони наврасон ва ҷавонони “Навои ҷовидон”-и шаҳри Хуҷанд бо ҳайати 22 нафар ширкат варзиданд.
Дар барномаи консертии фестивал аз ансамбли мақомхонони “Навои ҷовидон”-и шаҳри Хуҷанд ду суруд: 1. “Уфари Қаландарӣ” бар ғазали Рӯдакӣ дар иҷрои ансамбли сарояндагон ва “Савти панҷгоҳ”-и Содирхони Ҳофиз бар ғазали Ҷомӣ дар иҷрои ҳунармандони ансамбл Сардорбек Солиев ва Санҷари Абдумалик садо дод.
Баромади ансамбли наврасон ва ҷавонони “Навои ҷовидон”-и шаҳри Хуҷанд завқи тамошобинонро ба ваҷҳ оварда бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол шуд. Баъди консерт Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Зебо Аминзода бо ҳайати ансамбл вохӯрда, ҳамкории эҷодиро пешниҳод намуд.
Иштирок ва баромадҳо эҷодии ансамбли мақомхонони “Навои ҷовидон”-и шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хоса ва сатҳи дараҷаи касбӣ баҳогузорӣ шуд ва дар хотимаи фестивал ба мукофоти “Диплом”-и фестивал баҳогузорӣ гардида, бо туҳфаҳои хотиравии фестивал қадрдонӣ карда шуд.