(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altОила мафҳуми арзишнок буда, асоси ҷомеаро ташкил медиҳад. Инсони солим дар ҷомеаи солим ҳаёти худро бе он тасаввур намуда наметавонад.

Оила ашхоси аз ҳама наздику каринро дар бар гирифта, дар тӯли умри инсон бо ӯ ҳамроҳу ҳамкадаманд. Ин муҳити ашхоси хайрхоҳу самимӣ буда, ҳамчун ифодагари меҳру муҳаббат ва дилсӯзиву истикболи гарм аз ҷониби аъзоёни он баён мегардад. Оила барои ташаккули фарди мустақил ба ҳайси таккон хизмат мекунад. Он пойгоҳест, ки барои мавҷудияти инсон дар замони муосир мусоидат менамояд. Маҳз дар оилаи солим мо нахустин бор суханони навозишомезро аз лаҳни модар шунида, суруру шодмонӣ ва завқи зиндагӣ аз ӯ омӯхта, низ паси сар намудани душвориҳои ҳаётро аз бар менамоем. Ташаккули фардият ва хислатҳои неки ахлокӣ, идроки олам ва ҳодисаҳои моро иҳотанамуда дар доираи ашхоси наздик вокеъ мегардад. Оила ҳамчун падидаи асосии ҷомеа ҳифозаткунандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳангу маданӣ, ворисияти таърихии наслҳо бокӣ мемонад. Ба шарофати оилаи солим давлат мустаҳкам гардида, некӯаҳволии халқ меафзояд.
Дар замони муосир арзишҳои ҳаётӣ ба таври куллӣ тағйир ёфтаанд, аз ҷумла арзишҳои оилавӣ. Муносибати ҷавонон нисбати барпо намудани оила падидаи муҳимест.
Оилаи солим ва устувор гарави ҷомеаи солим ва давлати босуботу пойдор аст. Бунёди оилаи солим – оғози роҳи пурпечутоб, лек шавқовари зиндагист. Ҷавонон ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳода, ҳиссиёти масъулиятнокиву ғамхорӣ ва дилсӯзву меҳрубониро нисбати ҷуфти худ ба ӯҳда мегиранд. Ҳангоми дар оила тавлид ёфтани кӯдак масъулиятнокии волидайн меафзояд, зеро тарбияи шаҳрванди асил ва инсони хуб вазифаву ӯҳдадории мустақими волидайн аст. Оилаи солим ин вақте волидайн дар тарбия ва парастории кӯдак масъулияти баробарро ба зимма доранд. Ақрабои наздик ин на танҳо риштаи хешу таборист, балки ҳадяи сарнавишт аст, ки ба қадру қимати онон бояд расем. Оила бошад, маҳз он такягоҳест дар ин ҷаҳони беканору на ҳамеша вафодор.
Арзишҳои оилавӣ аз ҳатмияти руҳияи эҳтиромона доштани инсон нисбати аҷдоди худ, таърихи аслу насаб ва шаҷараи авлодӣ оғоз меёбад. Воқеан, инсон ба ҷаҳони ӯро иҳотанамуда маҳз аз оила даррасида, хубӣ ё зиштии ҳар чиз ё ашёро меомӯзад. Ҳанӯз ҳангоми туфулият кӯдакон дар иҳотаи падару модар, бобову модаркалон, хоҳару бародар хубиро аз зиштӣ фарқ намуда, некӣ кардан ва нисбати амалҳои хеш масъулиятнок буданро меомӯзанд.
Барои инсонҳои гуногун арзишҳо мухталифанд, аммо ибтидои умумӣ якест ва дар тӯли солҳо он дигаргун намешавад. Арзишҳои оилавӣ дар ҷои тиҳӣ падидор нагардида, балки дар оилаи солим маҳз волидайн дар шуури кӯдакон онро ҷой медиҳанд. Ин қабл аз ҳама, дар қалби кӯдакон бедор намудани меҳру муҳаббат ба ватан ва хизмат ба халқу кишвари хеш мебошад. Оила барои ҳар як фард меҳани кӯчак буда, маҳз ба шарофати он мо кишвари худро, хоки диёри худро дӯст медорему қадрдонӣ мекунем.
Давлат ҷомеаи солимро пуштибонӣ мекунад, аммо ҷанбаи муҳими сиёсати миллӣ ин дастгирии маданияти муносибати масъулиятноки шаҳрвандон нисбати барпо намудани ҷомеаи солим маҳсуб меёбад.
Оилаи солим қисмате аз ҷомеаи солим буда, ҷомеаи солим бошад, дар навбати худ, нишони давлати пурқудрат аст. Оилаи солим оилаест, ки дар он тарзи солими ҳаёт ҳукмфармо мебошад. Дар он фазои солими равонӣ ва маданияти маънавӣ бартарият дошта ва низ, бастаи асосиест, ки дар он хислатҳои муфид ташаккул ёфта, хислатҳои зарарнок маҳкум карда мешаванд.
Чуноне ки қаблан зикр гардид, оила ин асоси ҷомеа мебошад. Лек оила ҳамчун қисмати муҳими ҷомеа имрӯзҳо дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон заиф гардида, маънии иҷтимоии худро аз даст дода истодааст. Оила ҳар қадар устувор бошад сатҳи маърифатнокии ҷомеа баланд гардида, рушди босуръат ва нашъу нумӯи он афзалият пайдо мекунад. Маҳз ба шарофати оила рушди давлат босубот гардида, некӯаҳволии халқ беҳтар мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оила ҳамчун мояи асосии муҳофизату ҳимоят баррасӣ мегардад, зеро он шарти муҳими ҳифз ва рушду такомули халқи тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳар нафари мо бояд инро дарк намуда, дар тарбияи кӯдакони хеш эҳсосоти ватандӯстиву меҳанпарастиро ҷорӣ намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ маротибаҳои зиёд таъкид намудаанд, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои худ, бунёди ҷомеаи солим, дар кадоме зӯроварӣ набошад, тарбияи насли навраси солим, минбаъд суботнокии давлату миллат, муҳофизати ватан, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, устувории истиқлоли миллӣ ва ҳифзи амнияти миллӣ аз тамоми падидаҳои номатлуб ва зуҳуроти бегона, ҷуръат ва саъю кӯшиш дар ваҳдати миллӣ натиҷаҳои дилхоҳ хоҳанд дод.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...