11 Май 2024
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои марбут ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 "Солҳои рушди саноат", ки саноатикунонии босуръат ин раванди ба вуҷуд овардани саноати ҳозиразамон ва ба соҳаи асосии иқтисодиёт табдил додани он мебошад, аз ҷараёни сохтмон ва корандозии як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд шиносоӣ пайдо намуданд.
Нахуст аз корхонаи ҶДММ "Зиннат" шиносоӣ пайдо карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Зиннат» бо Ширкати "БТК Групп"-и Федератсияи Россия дар самти дӯзандагӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст. Истеҳсолот аз нимсолаи дуюми соли 2024 оғоз мегардад ва дар ин замина корҳои ташкилӣ босуръат идома дорад.
Зимни шиносоӣ бо коргоҳи дӯзандагӣ ва қаннодии ширкати бисёрсоҳавии "Амид" иттилоъ дода шуд, ки баъди истифодадиҳии корхонаҳои мазкур беш аз 150 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Тибқи нақша дар коргоҳи дӯзандагӣ асосан молҳои ба содирот нигаронидашуда истеҳсол карда мешавад, ки алъон он дар як моҳ содироти то 80 000 адад шимҳои босифат пешбинӣ гардидааст.
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Корея ҶДММ «Ориён Ҷей Текстайл» низ дар самти дўзандагӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст, ки пурра бо технологияи муосир таҷҳизонида шудааст. Дар оянда зиёд намудани ҷойҳои нави кориро ба нақша гирифтааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муассисони роҳбарони корхонаҳои навбунёди саноатӣ дастур дод, ки бо омӯзиши талаботи бозори дохила ва хориҷа раванди истеҳсолотро суръат бахшида, ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз тамоми василаҳо истифода баранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд