(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд омӯзгори собиқадор Нина Пивовароваро аёдат намуд. Раиси шаҳри Хуҷанд дар арафаи Рӯзи омӯзгорон барои хабаргирии яке аз собиқадорони соҳаи маориф устоди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд Нина Пивоварова рафт.
Омӯзгори собиқадор Нина Пивоварова  солиёни зиёд дар таълиму тарбияи чандин омӯзгорон ва мутахассисон саҳми арзанда дошта, барои ҷорӣ намудани усули таълими забони англисӣ корҳои назаррасро ба анҷом расондааст. Айни замон агарчанде муаллима дар нафақа аст, барои омӯзгорони ҷавони таълими забони англисӣ ҳамеша кӯмак мерасонад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Нина Пивовароваро  бо  Иди омӯзгорон,ки чанде баъд қайд карда мешавад табрик намуда, таъкид намуд,ки  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамеша аз вазъи зиндагӣ ва саломатии собиқадорон огоҳ  аст ва мекӯшад кӯмак расонад.