17 Март 2015
Роҳбарон муассисони марказҳои савдо ва хизматрасонии хӯрокаи шаҳр ният доранд, санаи 21 март хони наврӯзӣ ороста, сокинон ва меҳмонони наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ, ки имсол дар шаҳри бостонии Хуҷанд мегузарад, бо таомҳои ройгон меҳмондорӣ намоянд.
Бо мақсад дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии ҳудуди шаҳр дастурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллӣ омода карда шуда, пешкаши иштирокдорони чорабиниҳои наврӯзӣ мегардад.
Асосан аз ҷониби ин муасисаҳо таомҳои миллӣ омода карда шуда, ҳамчунин ғизоҳои маъмули мардуми Хуҷанд аз қабили «Оши палав», «Ширбиринҷ», «Мошубиринҷ» ва ғайра ба ҳаводорони хӯрокҳои миллӣ пешниҳод мешавад. Дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 5 тарабхона, 41 қаҳвахона, 65 ошхона ва 11 чойхона фаъолият мебрад, ки ҳамаи онҳо дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз ба меҳмонону сокинони вилоят хизмат хоҳанд расонд.