(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз, санаи 5-уми сентябр бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази вилоят роҳпаймоии меҳнаткашон баргузор гардид.

Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода кулли сокинони сарбаланди вилоятро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии ҷашни муқаддасу таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Ин санаи муқаддас барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Истиқлолу соҳибихтиёрӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, имконият фароҳам овард, ки таърих, забон ва фарҳанги қадимаи худро шиносем, анъана ва оинҳои неки миллиамонро аз нав эҳё кунем ва кишвари азизамонро дар арсаи байналмилалӣ, ҳамчун давлати ободу озоди дорои фарҳангу тамаддуни бостонӣ муаррифӣ намоем.
Сокинони сарбаланду заҳматқарини вилояти Суғд имрӯз аз он шукргузоранд, ки ин ҳама ободию бунёдкорӣ ва муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар муддати 35 соли соҳибихтиёрӣ ба даст омад, маҳз дар натиҷаи заҳмати суботкоронаи мардуми кишвар ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ, роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар натиҷаи заҳмати ватандӯстонаи мардум дар вилоят ҳазорҳо иншоот бунёд гардида, ба хизмати сокинон гузошта шуданд.
Сипас, беш аз 35 ҳазор нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти суд, прокуратура, адлия, аҳли зиё ва рӯзноманигорон, соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва варзиш, занон, донишкадаву донишгоҳҳо, саноат, сайёҳӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, меъморӣ ва сохтмон, савдо ва хизматрасонӣ, ҳунармандон бо намоиши дастовардҳои соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳпаймоӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...