04 Сентябр 2026
Дар кӯдакистони ба номи «Шукуфаи Истиқлол» ба муносибати 35 солагии Истиқлоли давлатӣ маҳфили идона баргузор гардид.
Тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ доир ба мафҳуми Истиқлол, Ватан, муқаддасоти миллӣ, таърихи куҳан ва ибратбахши миллати тоҷик маълумот ироа намуданд. Суруду рақсҳои ҷолиб манзур карда шуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконияти таърихӣ фароҳам овард, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва заҳмати созанда зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.
Дар баробари ин, истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати таърихан қадимаву сарбаланд ва мутамаддини тоҷик моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву сарсабзии кишвари азизамон содиқонаву аҳлона меҳнат кунем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварем.
Бигзор парчами пурҷилову нурафшони истиқлолият замири хурду бузурги Ватанро то абад мунаввар гардонад ва муҳаббати Тоҷикистони маҳбубамонро дар қалби ҳар фарди бонангу номус ҳамеша фурӯзон нигоҳ дорад!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд