01 Сентябр 2026
Дар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода, Ғулом Ҳалимзода, Миршакар Ҷалолзода ва Шаҳбози Аброр бо фаъолони шаҳр баргузор шуд.
Мулоқотро Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, иттилоъ дод, ки якчанд рӯз инҷониб дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон-шаҳрвандони гуногункасб баргузор шуда, дар мулоқотҳо доир ба дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти давлатӣ, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, маълумот дода шуданд.
Ҳамзамон дар ин мулоқотҳо оид ба вазъи сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат пешниҳоди интихобкунандагон гардонида шуд.
Сипас, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода, Ғулом Ҳалимзода, Миршакар Ҷалолзода ва Шаҳбози Аброр дар назди интихобкунандагон баромад намуданд.
Таъкид шуд, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди таърихии бузурги миллати тоҷик аст, ки моро дар арсаи ҷаҳони ҳамчун давлати миллӣ муаррифӣ намуд. Истиқлолият шарафу саодатмандии ҳар тоҷику тоҷикистонист, зеро мо маҳз бо ному аслу наҷоди худ дар миқёси ҷаҳон обрӯву эътибори хос касб намудаем. Миллати тоҷик то ба даст овардани ин дастоварди таърихӣ мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоиро паси сар намудааст. Хушбахтона бо талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик сазовори бахту саодати бегазанд гардид. Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ қайд намуданд, ки: “Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, симои бақои миллат, шиносномаи байналмиллалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли тоҷикон аст”.
Зикр шуд, ки заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қабули қарорҳои дахлдори ба рушд равонагардида, консепсияву стратегияҳои милливу барномаҳои соҳавӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстонаву некуҳамсоягӣ бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, шомилшавии Тоҷикистони воҳид ба созмонҳо ва институтҳои олами пешрафтаи самтҳои иқтисоду фарҳанг, ташаббусҳои глобалии ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим заминаи устувор барои пойдории давлат ва умеди миллати тоҷик ба фардои некро тақвият бахшида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо такя ба хиради азалии мардуми баору номуси тоҷик ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд