(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд дар остонаи соли нави таҳсили 2026-2027 бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамкорӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳоро пиёда намудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони муассисаҳои томактабии шаҳр ҷаласа оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳим вобаста ба ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва санитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни вохӯрӣ Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ҳамкории мунтазами муассисаҳои таълимӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, назорати вазъи саломатии хонандагону тарбиятгирандагон ва баланд бардоштани маърифати санитариву гигиении онҳо муҳим мебошад.
Ба роҳбарони муассисаҳо ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, риояи талаботи санитариву беҳдоштӣ, пешгирии сироятёбии кӯдакон ва сари вақт андешидани чораҳои зарурӣ дар ҳолатҳои эҳтимолии беморӣ тавсияҳои дахлдор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳии масъулон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ дар байни кӯдакону наврасон мебошад.
Тавре, аз Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд ба мо иттилоъ доданд, бо назардошти фаро расидани фаслҳои тирамоҳу зимистон ва баланд шудани хатари паҳншавии бемориҳои сироятии мавсимӣ, аз ҷумла: грипп ва сироятҳои роҳҳои нафас, гепатити А, бемориҳои рӯдаю меъда, бемориҳои сироятии кӯдакона ва ғайра иҷрои як қатор чораҳо ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ тавсия дода шуд.
Кормандони Марказ таъмини тозагӣ ва безараргардонии мунтазами синфхонаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо, истифодаи ҳатмии собун ва маҳлулҳои зиддибактериявӣ барои шустани дастҳо; назорати қатъии сифати оби ошомиданӣ ва нигоҳдории дурусти маҳсулоти ғизоӣ; гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагон ва аҳолӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ; дар сурати пайдо шудани нишонаҳои беморӣ – фавран ҷудо ва ба муассисаи тиббӣ равон намудани шахси бемор аз тадбирҳои муҳими пешгирии паҳншавии бемориҳои мавсимӣ дар муассисаҳои таълимӣ медонанд.
Ҳамчунин аз волидайн хоҳиш карда мешавад, ки пеш аз фиристодани кӯдак ба мактаб, дар хона обро ҷӯшонанд ва ба зарфи пӯшида резанд. Дар хона ва назди кӯдак одати ҳамешагӣ — ҷӯшондани об пеш аз нӯшиданро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамаи ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки мо аз бемориҳои сироятӣ дур бошем, фарзандон ва худамонро аз мубталошави ба ҳаргуна бемориҳо эмин нигоҳ дорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...