(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар МТМУ №18-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода ва Ғулом Ҳалимзода бо сокинони маҳалаҳои "Тути калон" ва "Чорчароғ" баргузор гардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳрат Ғанизода ва Ғулом Ҳалимзода суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит сохт, ки маориф, илм ва фарҳанг ҳамчун рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ва кафили ояндаи устувори миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд. Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон намуда, онро сармоягузории мустақим ба ояндаи дурахшони миллат арзёбӣ карданд.
Маориф ва илм на танҳо василаи омӯзиш, балки заминаи ташаккули инсонҳои соҳибмаърифат, ватандӯст ва худшинос мебошанд. Тавре дар Паём таъкид гардид, имрӯз зиёда аз 21 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ ба соҳаҳои маориф ва илм равона мешавад. Танҳо дар соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса ба солҳои қаблӣ афзоиши назаррасро нишон медиҳад. Ин сиёсати молиявӣ далели равшани он аст, ки давлат ба рушди сармояи инсонӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.
Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва пешгӯии расидани шумораи хонандагон ба чор миллион нафар дар 25 соли оянда, масъалаи омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ аҳаммияти стратегӣ пайдо мекунанд. Гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таҳсил ва такмили Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2030 аз ҷумлаи иқдомоти муҳимме мебошанд, ки дар Паём ба онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Дар баробари маориф, рушди илм низ ҳамчун омили калидии пешрафти давлат баррасӣ мегардад. Бо ташаббуси Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2025–2034 ҳамчун «Даҳсолаи илмҳои криосфера» нишон медиҳад, ки илми тоҷик тадриҷан ба сатҳи байналмилалӣ ворид шуда истодааст. Омӯзиши пиряхҳо, захираҳои об ва тағйирёбии иқлим на танҳо аҳаммияти миллӣ, балки аҳаммияти ҷаҳонӣ дорад. Табдил додани Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳо заминаи мустаҳками рушди илмии ин самт хоҳад шуд.
Дар мулоқот муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода низ иштирок ва суханронӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...