(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо иштироки кормандон Иди касбӣ таҷлил карда шуд.

Азаматхуҷа Воҳидов, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба самъи кормандон номаи табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз ҳамагуна зару зевар арзишмандтар буда, сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати хирадмандонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намуданд: «ҳукумати мамлакат, бо дарназардошти он, ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад».
Воқеан ҳам ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз ва таъмини тандурустии аҳолӣ, инчунин фароҳам овардани шароити заруриро ба хотири ташкили тарзи ҳаёти солим, яъне тарбияи насли солим ва ташаккули ҷомеаи солим ҳамчун яке аз омилҳои асосии пешрафти давлат дониста, бо назардошти ин, соҳаи тандурустиро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати соҳибистиқлоли худ эълон кард. Аз ин, рӯ барои татбиқи самарабахши барномаву лоиҳаҳои соҳа, инчунин беҳбудии шароити моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ маблағгузориро аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояи ҳориҷӣ сол ба сол зиёд карда истодааст”
Дар чорабинӣ роҳбари дастгоҳ — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёрзода Баҳодур низ иштирок намуда, ҳозиронро бо иди касбиашон таҳният гуфт.
Таъкид шуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Тавре, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: “Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад”.
Зикр шуд, ки мақсади асосии кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ворид кардани техникаву таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ташхиси босифати бемориҳо буда, онҳо бо дастони шифобахш ва суханони нармашон ба мизоҷон саломатӣ ва дарозумрӣ ҳадя мекунанд.
Сипас ба як қатор пешсафони соҳа медали “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...