03 Сентябрь 2026
Недоступен ни однин перевод.
Дар кӯдакистони №19-и шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу фараҳмандӣ маҳфил бахшида ба ҷашни умумимиллии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Шукронаи Истиқлоли Ватан мекунем” баргузор гардид.
Тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ доир ба мафҳуми Истиқлол, Ватан, муқаддасоти миллӣ, таърихи куҳан ва ибратбахши миллати тоҷик маълумот ироа намуданд. Суруду тарона рақсҳои ҷолиб манзур карда шуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолият ва озодӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихӣ гардид. Марҳалаи нав дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро ба миён гузошт.
Дар зарфи сию панҷ сол бо иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти куллии сиёсӣ ва ҳуқуқиро татбиқ намуда, барои рушди иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам овардем, дар соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар, аз ҷумла соҳаи маориф ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас муваффақ шуда, таҳаввулоти сифатиро таъмин намудем.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







