(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

 Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд» ва дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 17 марти соли 2017, №127 «Дар бораи гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил», бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садама дар Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил,   қ а р о р    м е к у н а м:

1. Санаи 26 апрели соли 2017 дар қаламрави шаҳр Рӯзи  ёдбуди  бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида шавад.
2. Ҳайати кумитаи тадорукот, нақшаи чорабиниҳои Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
3. Шӯъбаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр якҷоя бо ҷамъияти  «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил силсилаи чорабиниҳоро доир намоянд.
4. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр  якҷоя бо рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»,  ширкатҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ оид ба фидокориҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, ҳаёт ва фаъолияти онҳо маводҳо таҳия ва нашр намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳр Ғайбуллозода  Х. ва  муовини  Раиси шаҳр  Ҳошимзода Р.  гузошта шавад.

 

Раиси шаҳр                                             Муҳаммадзода М.

 

 

Замимаи №1

бо қарори Раиси шаҳр

аз «_____»________ соли 2017, № ___

тасдиқ шудааст

 

Ҳайати

кумитаи тадорукоти  Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони

садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

 

 

1. Ғайбуллозода Х.             -муовини якуми Раиси шаҳр, раиси кумитаи тадорукот;

2. Каримов М.М.                 -мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр,

 

муовини раиси кумитаи тадорукот;

 

3. Набизода Ҷ.                    -сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр,

4. Сайдуллоева У.С.           -сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, котиби кумитаи тадорукот.

 

Аъзо

5. Абдуллоев М.Б.               - мудири шӯъбаи ташкилӣ ва  кор бо  кадрҳои дастгоҳи  Раиси  шаҳр;

6. Қосимов Б.И.                   - мудири  бахши  фарҳанги  мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр;

7. Исматҷонов Б.Ҳ.             - мудири  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  шаҳр;

8. Дадобоева М.О.              - мудири шуъбаи  кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

9. Каримов А.О.                  - масъул оид ба соҳаи тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр;

10. Султонӣ И.И.                - мудири шӯъбаи маорифи шаҳр;

11. Ишонқулов Ғ.                -мудири бахши агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳр;

12. Бобоҷонов А.А.             - сардори Раёсати молияи шаҳр;

13. Алиева Ф.С.                   - сармуҳаррири рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»;

14. Бобоев З.А.                    - директори генералии корхонаи воҳиди давлатии комуналии «Сарраёсати  ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр;

15. Алибоев М.З.                 - мудири шуъбаи кор бо кумитаи  маҳаллаҳои шаҳр;

16. Орифӣ М.Н.                  - раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр;

17. Дадобоев М.М.              - Роҳбари маркази таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳр.

18. Камолов Ё.                     - раиси ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд.

 

 

Замимаи №2

бо қарори Раиси шаҳр

аз «_____»________ соли 2017, № ___

тасдиқ шудааст.

 

Нақшаи

чорабиниҳои Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони

садамаи  Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил

 

р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлат

Масъулон

1.

Ташкил ва гузаронидани вохӯрию сӯҳбатҳои бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил бо толибилмону донишҷӯён ва ҷавонон

Дар арафаи ёдбуд

Каримов М.М.

Набизода Ҷ.          Султонӣ И.И.

Исматҷонов Б.Ҳ

2.

Шиносоӣ бо вазъи зиндагонии иштирокчиёни  садамаи  Нерӯгоҳи  барқи  атомии Чернобил ва андеши-дани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи иҷтимоӣ, пардохти ҷубронпулии ҳарсолаи маъюбон, хизматрасонии тиббӣ ва расонидани кӯмаки моддӣ ба онҳо

То рӯзи ёдбуд

Ишонқулов Ғ.

Каримов А.О.

Бобоҷонов А.А.

Камолов Ё.

3.

Аёдати бартарафкунандагони  садамаи  Нерӯгоҳи  барқи  атомии Чернобил

То 26 апрел

Аъзои кумитаи тадорукот

4.

Таҳия ва пахши барнома ва маводҳои ҷолиб дар васоити ахбори омма дар мавзӯи корнамоии барта-рафкунандагони  садамаи  Нерӯгоҳи  барқи  атомии Чернобил

То рӯзи ёдбуд

Каримов М.М.

Дадобоев М.М.

Алиева Ф.С.

 

5.

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ёдбуди  бартарафкунандагони  садамаи  Нерӯгоҳи  барқи  атомии Чернобил

23 апрел

Кумитаи тадорукот

 

Муовинони Раиси шаҳр

Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 200...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти полит...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишгоҳи политехни...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Институт...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз211
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта809
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3258
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5313
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19948
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15438
mod_vvisit_counterҲамагӣ804825