(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣҲамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.
Забони тоҷикӣ мероси бузурги ниёгони некноми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд ҳамчун риштаи пайванди насл ба насли миллат аз ҳазорсолаҳои дур то давлати соҳибистиқлоли тоҷикон омада расидааст ва решаҳои умри миллатамонро оби ҳаётбахш додааст.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ, ки ҳамчун рукни муҳимтарини ҳастии миллат, пойдевори асосии давлатдорӣ ва фарҳангу маънавиёти халқамон нақши барҷаста дорад, вазифаи инсониву виҷдонии ҳар як фарди бонангу номус ба ҳисоб меравад.

Забони давлатӣ, дар ҳақиқат, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози миллати бостонии тоҷик мебошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, мо забонро мисли истиқлолият, Ватан, Модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморем ва онро азизу гиромӣ медорем.
Воқеан, ҳувияти миллӣ, фарҳанг ва ойину суннатҳои мардуми бостонии мо дар ҳама давру замонҳо тавассути забон ҳифз мегардад.
Забон, инчунин, воситаи муқтадири сарҷамъии миллат ва ҳамаи онҳоест, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳастии ин сарвати бебаҳоро пос медоранд.
Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад.
Яъне бақои забон бақои миллат ва фанои забон фанои миллат аст.
Ёдгориҳои тамаддуни чандинҳазорсолаи ориёӣ маҳз ба воситаи забони шево ва пурғановати тоҷикӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замони мо расида, дастраси оламиён гардидаанд, ки ин ҳам боиси ифтихори ворисони ин тамаддуни қадима ва ҳам масъулияти бузурги онҳо дар назди гузашта ва имрӯзу оянда мебошад.
Тоҷикон дар миёни халқу миллатҳои сершумори олам аз ҷумлаи мардумони соҳибтамаддуне мебошанд, ки забони чандинҳазорсоларо маҳфуз доштаанд, шеъри оламгири Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва садҳо шоирону адибони гузаштаро имрӯз низ озодона мефаҳманд ва дар гуфтугӯи ҳаррӯзаашон истифода мекунанд.
Забони тоҷикӣ бо дарназардошти собиқаи тӯлонии таърихӣ ва захираи бузурги луғавӣ ва дар мақоми забони давлатӣ дар асри ҷаҳонишавӣ низ метавонад иқтидори пешинаи худро ҳифз намояд.
Аз ин рӯ, ба муҳаққиқони забоншинос, зиёиён ва умуман, ҳар шахсе, ки тақдири забон барояш азиз мебошад, зарур аст, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони дорои таърих ва осори беназир аз сели вожаҳои иқтибосӣ, ки имрӯз тавассути технологияҳои навин ва молу маҳсулоти хориҷӣ ба тамоми забонҳо ворид шуда истодаанд, ҳифз намоянд ва дар поку беолоиш нигоҳ доштану ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани он саҳми ватандӯстонаи худро гузоранд.
Зеро ворид шудани вожаҳои иқтибосӣ боиси маҳдуд гардидани муҳиту майдони истифодаи калимаҳои худӣ, камранг шудани симои миллии забони давлатии мо ва коҳиш ёфтани фасоҳату балоғати он мегардад.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки бо пешрафти илму техника ва технология забон низ бояд рушд кунад.
Яъне забони давлатӣ бо ҳифзи асолат ва чеҳраи миллии худ бояд ҳамқадами замони муосир бошад.
Ҳамзамон бо ин, таъкид менамоям, ки ҳифз намудану гиромӣ доштани суннатҳои ниёгон, аз ҷумла фарҳанги миллӣ, ки забон ва либоси миллӣ, инчунин, номгузорӣ ба фарзандон ва эҳёи номҳои ҷуғрофӣ, ки ойинаи таърихи халқу кишварамон ва василаи пайванди имрӯз бо гузашта мебошанд, бояд ба одати ҳаррӯзаи мо табдил ёбад.
Дар ин раванд, зарур аст, ки ба масъалаи сайқал додани фарҳанги муошират бо забони давлатӣ, аз ҳар гуна унсурҳои ғайри қобили қабул поку бегазанд нигоҳ доштани он, инчунин, дар қалбу зеҳни наврасону ҷавонон бедор намудани ҳисси эҳтиром ба забони модарӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва доимии ҳар шахси соҳибватан мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми хирадманду фарҳангдӯсти мо забони модарии хешро ҳамеша гиромӣ дошта, онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, хотираи таърихӣ ва нангу номус ҳифз мекунанд.
Итминон дорам, ки ин амал чун ҷузъи муҳимтарини зиндагии ҳаррӯзаи афроди миллат дар оянда низ вусъат пайдо хоҳад кард.
Бори дигар ҳамаи шумо, ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватан сарбаландиву хонаободӣ ва ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ҳамчун забони давлати соҳибистиқлоли тоҷикон умри ҷовидон орзу менамоям.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳрРаъно Ҳошимзода аз 6-уми феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Раъно  ошимзода 29 октябри ...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр.Абдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Со...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳр.Раҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  ...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4-уми январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987  Донишкадаи политехникии Тоҷикист...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонӣ Илҳом Инъомзода 9-уми сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда, маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Дониш...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович 20-уми сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8-уми ноябри соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 198...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз687
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта906
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7640
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10841
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27237
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23924
mod_vvisit_counterҲамагӣ965273