(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Арабшо Солизода: “Моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маърака хеле маъмул шуда буд”

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти озоду ошкоро ва судманди прокурори шаҳр Арабшо Солизода бо роҳбарони сохторҳои воҳидӣ, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои ҷавонон ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хучанд Маъруф Муҳаммадзода нишастро оғоз намуда, аз ҷумла афзуд, ки “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориашон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷиҳати такмили Қонуни амалкунанда пешниҳод намуданд. Арабшо Солизода: “Моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маърака хеле маъмул шуда буд”

Пешниҳоди мазкурро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баррасӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон онро ҷонибдорӣ намуданд ва қонуни мазкур санаи 28 августи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат ба имзо расонида шуд ва он мақоми расмӣ гирифт”.
Маъруф Муҳаммадзода дар идомаи суханронии худ таъкид кард, ки “Воқеан татбиқи амалии муқаррароти Қонуни мазкур дар тӯли марҳилаи сипаришуда як қатор дастоварду беҳбудиҳо ва камбудию норасоиҳоро дар риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллию динӣ ошкор кард. Бешубҳа Қонуни танзим ба хотири ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дар ниҳояти кор беҳтар намуда­ни сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ қабул гардидааст”.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода баромад карда, нахуст роҷеъ ба омилҳои қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тағйирот ба онро шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки “Солҳои охир бинобар баланд шудани сатҳи иҷтимоиёти мардум, бархе ашхос барои ба маърази тамошо гузоштани ҳузур, ҳашамат ва мартабаашон ба худнамоиҳо даст заданд ва ба ҳар васила бо баргузории маъракаҳои дабдабанок аз дорандагии худ дарак дода, ба иззати нафси мардум мерасидагӣ шуданд. Бо мурури замон ин маъракаҳо ба қавле “мусобиқа” ҳам шуд. Мардуми доро имконият доштанд, вале халқи нодор барои гузаронидани маъракаҳои дабдабанок имконият надошт ва маҷбур мешуд, ки қарз гирад ва ё  ба Руссия мардикорӣ равад. Фарзандон ба якдигар тақлид мекарданӣ шуданд, аз падару модар онро қатъиян талаб мекарданд. Ва ин ҳама ба оқибатҳои нангини хонавайронкунӣ, хонафурӯшӣ, худсӯзӣ ва дигар ҷиноятҳо оварда расонд. Мақомоти қонунгузор маҷбур шуд, ки дар ин самт механизми таъсиррасониро пурзӯр намояд ва мафҳумҳои “ӯҳдадориро” нисбат ба “метавонад” бештар намояд.
Арабшо Солизода афзуд, ки мардум аз тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур истиқболи гарм намуданд, зеро дар гузаронидани маъракаҳо хеле сабукиҳо ба миён омаданд. Дорою нодор баробар шуд.  Иқдоми манъ карда шудани маъракаҳои ноншиканон, ақиқа, домодталабон маҳз вобаста ба муҳити шаҳри Хуҷанд ва навоҳии гирду атрофии он ба миён омадааст. Ва ҳамин тавр дигар маъракаҳои пурҳашамати дигар гӯшаву канори кишвар, ки берун аз анъанаҳои миллии мо буд низ манъ карда шуданд. Зеро моҳирона истифода бурдани як анъана дар қолаби дигар маърака хеле маъмул шуда буд.
Прокурори шаҳр таъкид сохт, ки тибқи талаботи қонуни мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки ба рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сару либоси миллӣ эҳтиром гузошта онҳоро аз таъсирҳои манфии замони муосир ҳифз намоянд. Ин маънии онродорад, ки мо зимни пӯшидани либосҳои ба фарҳангии миллии мо бегона эътибори ҷиддӣ диҳем. Хусусан ҳангоми иштирок дар тӯю маросимҳо. Бояд шарму номуси миллии хешро баланд бардорем. Аз ифтихори миллӣ ва тоҷик будани хеш андеша намоем.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Арабшо Солизода вобаста ба таъғироти дигар ба санаду меъёрҳои қонунгузорӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйиротҳо ворид карда шуда,  дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шудаанд. Масалан,  агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи пешниҳод ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда мешавад.
Ҷавобгарӣ барои бе ҳуқуқи ронандагӣ идора намудани воситаи нақлиёт (моддаи 336 қисми1) низ пурзур карда шуда, андозаи ҷарима аз 3-5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (150-250 сомонӣ) то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12500 сомонӣ) зиёд карда шудааст. Ё худ барои дар ҳолати мастӣ вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё расонидани  зарари вазнин ба саломатии инсон гаштааст, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати даҳ сол  пешбинӣ карда мешавад. Агар ҳамин кирдор боиси марги зиёда аз ду шахсон гардад, он гоҳ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз даҳ то понздаҳ сол бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати аз даҳ то бист сол пешбинӣ карда мешавад.
Арабшо Солизода дар анҷоми маърӯзаи худ таъкид намуд, ки “Бояд дарк намоем, ки анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги  зарурат ба назорати пайваста ва танзим дошта, рушди доимии онҳо дар доираи талаботи замон бояд таъмин гардад. Расму оин ва анъанаҳо дар рӯзгори мардуми тоҷик мавқеи муҳим дошта, баробари пешрафт ва рушду такомули ҷомеа ташаккул меёбанд. Қобили таъкид аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар баробари дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат яке аз омилҳои муҳимми паст кардани сатҳи камбизоатӣ гардид”.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мулоқотро натиҷагирӣ намуда, таъкид сохт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ баҳри таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, аз масъулин ва тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ қотеъона талаб карда мешавад, ки нисбати масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, масъулиятнокии хешро баланд бардоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳрРаъно Ҳошимзода аз 6-уми феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Раъно  ошимзода 29 октябри ...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр.Абдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Со...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳр.Раҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  ...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17-уми сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4-уми январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987  Донишкадаи политехникии Тоҷикист...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонӣ Илҳом Инъомзода 9-уми сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда, маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Дониш...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович 20-уми сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 2002 ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8-уми ноябри соли 1963 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 198...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов А.А. Бобоҷонов Абдусалом Абдурасулович 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз688
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта906
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7641
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10841
mod_vvisit_counterҲамин моҳ27238
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта23924
mod_vvisit_counterҲамагӣ965274