(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ахборот
оиди фаъолияти Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд барои моҳи январ- декабри соли 2016

Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд баҳри иҷрои Қарори Раиси вилояти Суғд, № 54 аз 3 феврали  2016 сол  «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017»,  Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд, № 93 аз 22 феврали соли 2016 Дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2017» дар шаҳри Хуҷанд, фаъолияти худро аз рўи нақшаи тасдиқшуда оиди таъмини шаҳрвандони бекор бо ҷойҳои корӣ бо дарҷи эълонҳо ҷойҳои холии кор дар ахбори умум, ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои холӣ, кор ва фаъолияти худро ба роҳ монд.
Аз рӯи нақшаи тасдиқшудаи Барнома 4500 нафар шаҳрвандони муроҷиаткунанда пешбинӣ шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба Шӯъба 4606 нафар шаҳрвандон, аз онҳо 2542  нафар занон, бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд.
Мувофиқи барнома давоми сол бояд 1500 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шаванд. Дар дувоздаҳ моҳи соли равон 1819 нафар аҳолии бешуғли қобили меҳнат, аз онҳо 1046 нафарашон занон ба қайд гирифта шуданд.
Барои додани мақоми бекорӣ ба шаҳрвандони бекор 628 нафар мувофиқи барнома пешбинӣ шуда ба 756 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шуд, ки  401 нафарашон занон масуб мешаванд. Аз ҷумла 380 нафар ба касбомӯзонӣ ҷалб карда ба 187 нафар шаҳрвандони бекор кӯмакпулӣ дода шуд. 52 нафар барои фаъолияти соҳибкории  хурду миёна дастгирӣ ёфта, 92 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шуд.
Мувофиқи Барнома соли равон  960 нафар шаҳрвандон барои бо ҷойи корӣ таъмин намудан пешбинӣ шуда, дар давраи ҳисоботӣ 990  нафар бекорон, ки аз онҳо 583 нафар занон мебошанд, бо ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои  саноат, хоҷагию манзилию коммуналӣ, тандурустӣ, санъат ва фарҳанг, маориф, бонкҳо, савдо ва хизматрасонӣ таъмин карда шуд.
Барои дар амал татбиқ намудани  Қарори Раиси вилоят аз 12 майи 2009 сол, таҳти № 123 «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои муқаррар намудани квота барои ба кор қабул намудани гурӯҳи алоҳидаи аҳолӣ»  57  нафар шаҳрвандони бекор, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, тариқи квота бо ҷои корӣ таъмин гардиданд. Тибқи Барномаи мазкур бошад, соли 2016 бояд 55 нафар шаҳрвандоне, ки дар бозори меҳнат мустақилона рақобат карда наметавонанд, (квота) бо ҷойи корӣ таъмин гардан пешбинӣ шуда буд.
Дар асоси Барнома соли ҷорӣ  баҳри дастгирии иҷтимоии шахсони бекор додани кӯмакпулӣ ба 110 нафар пешбинӣ шудааст. Дар давраи ҳиосботӣ бошад, аз тарафи Шӯъба  барои 187 нафар шаҳрвандони бекор аз он ҷумла  аз  кор озод шудагон 10 нафар, аз маҳбас озод шуда 67 нафар,  110 нафар баъди адои хизмати ҳарбӣ кўмакпулӣ таъин карда шуд. Дар ин давра ба  шаҳрвандони аз маҳбас ва хизмати ҳарбӣ озодгардида кӯмакпулӣ  ба маблағӣ ҳадди ақали музди маош ба мӯҳлати се моҳ пардохт карда шуда ба шаҳрвандони аз корхонаҳо озодгардида бошад мувофиқи маълумотномаи музди меҳнат ҳамагӣ 120 фисади музди маоши мёнаи онҳо пардохт карда шуд.
Аз рӯи нақшаи тасдиқшуда дар миқёси шаҳр гузаронидани 15 ярмаркаи ҷойҳоии холии кор пешбинӣ шуда, моҳҳои январ-июни  соли ҷорӣ 15 маротиба чунин  ярмарка  ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. (Ҷадвал замима мегардад), Ҷадвали ҷои баргузор гардидани ярмаркаи ҷои холии корӣ дар давоми соли 2016: 

Р/т

Ҷои баргузории  ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ

Санаи гузаронидани  ярмарка

1.

Кумитаи маҳаллаи «Тиллокон»

28.01.2016

2

Кумитаи маҳаллаи «Хуҷанд»

29.01.2016

3.

Кумитаи маҳаллаи «Қ. Қурбонов»

11.03.2016

4.

Кумитаи маҳаллаи «Темурмалик»

28.03.2016

5.

шаҳри Хуҷанд Донишкадаи Политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон

23.04.2016

6.

шаҳри Хиёбони Регистони мавзеи «Панҷшанбе»

17.05.2016

7.

Шаҳри Хуҷанд Кумитаи маҳаллаи «Ҷаббор Расулов»

31.05.2016

8.

Шаҳри ХуҷандКумитаи маҳаллаи «Масҷиди савр»

7.06.2016

9

Шаҳри Хуҷанд Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ

24.06.2016

10

Шаҳри Хуҷанд Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ

29.07.2016

11

Шаҳри Хуҷанд Кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ»

18.08.2016

12

Шаҳри Хуҷанд Кумитаи маҳаллаи «Тути калон»

07.09.2016

13

Шаҳри Хуҷанд Кумитаи «Сари баландӣ»

21.10.2016

14

Шаҳри Хуҷанд Кумитаи «Шарқ»

5.12.2016

15

Бирҷаи меҳнати «Бозори мардикор»-и ш.Хуҷанд

21.12.2016

Дар рафти ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод аз тарафи Шӯъбаи Агентӣ  149 нафар шаҳрвандони бекор  ба шуғл ҷалб карда шуданд.
Ба ғайр аз ин дар давраи ҳисоботӣ ба 52 нафар шахсони бекор барои ташкили соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок ба мӯҳлати як сол аз 2000.00 то 4000.00 сомонӣ дода шудааст. Мувофиқи Барнома бошад, то охири сол 57 нафар чунин дастгирӣ бинанд. Инчунин ба соҳаҳои зерин маблағои имтиёзнок  дода шуд. 

 

Намуди фаъолият

Шумора

Маблағ

1

Хариду фурӯши либосҳои занона

8

10500

2

Хариду фурӯши хушкмева

6

4000

3

Хариду фурӯши матоҳои гунногун

6

6000

4

Хариду фурӯши молҳои хӯрока

3

6000

5

Хариду фурӯши ашёҳои мошин

1

3000

6

Хариду фурӯш ва таъмири мебел

1

4000

7

Хариду фурӯши либосҳои мардона

2

5500

8

Харидуфурӯши либосҳои бачагона

1

2500

9

Хариду фурӯши тармева

2

5500

10

Хариду фурӯши молҳои ширӣ

1

2500

11

Хариду фурӯши молҳои коргузорӣ

1

2500

12

Дӯзандагӣ

10

18200

13

Йюрмадӯзӣ

2

6000

14

Бофандагӣ

1

4000

15

Истеҳсоли молҳои қаннодӣ

2

6500

16

Таъмири мошинаҳои сабукрав

1

1000

17

Устои дару тиреза

2

6000

 

Ҳамагӣ

52

86700

Дар самти касбомӯзонӣ ва бозомӯзонии шаҳрвандони бекор дар  Барнома 340 нафар пешбинӣ шудааст. Амалан бошад, дар давраи соли равон 380 нафар шаҳрвандон, аз онҳо 324 нафар занон аз рўи 13 ихтисос ба КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва КВДФ «Маркази таълимии «Калонсолони Тоҷикистон»  ба касбомӯзӣ ва бозомӯзӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин фиристода шудаанд. 

Р/т

Номгӯи касбу ихтисосҳо

Шумораи касбомӯзон

нафар

1

Муҳосиб

47

2

Оператори АТК

35

3

Ошпаз – қаннод

30

4

Дӯзанда

75

5

Кафшергар

25

6

Зардӯз

16

7

Ороишгари мӯй

45

8

Қолинбоф

23

9

Кешбоф

11

10

Адрасбоф

39

11

Йӯрмадӯз

12

12

Заргар

5

13

Челонгар

17

 

Ҳамагӣ

380

Инчунин, дар чорчӯбаи шаҳодатномакунонии шаҳрвандоне, ки малакаи касбӣ доранд, аммо ҳуҷҷати тасдиқкунанда надоранд аз тарафи Шӯъбаи Агентии шаҳри Хуҷанд 850 нафар, шаҳодатномакунӣ 370 нафар калонсолон мебошанд. Тариқи  худмаблағгузори 900 нафар оз онҳо 492  нафарошон  калонсолоне, ки ҷои кор надошта ба курсҳои кўтоҳмуддати КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ва Филиали муассисаи давлатии таълимии «Калонсолон» дар ноҳияи   Б. Ғафуров ва дигар муассисаҳои таълимӣ фиристода шуданд. Аз рӯи ихтисосҳои зерин:

№ р/т

Номгӯи ихтисос

Худ

маблағ

гузорӣ

Зан

Чавон

Шаҳодатнома

Ва алакаи касбӣ

зан

Шаҳодатномаи тахассуси аз тарафи кадом муассисаҳои таълими ё ташкилот дода шудааст

1.

Муҳосиб

158

97

61

63

43

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

2.

Оператори АТК

144

72

68

221

36

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

3.

Қаннод

128

94

58

94

73

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

4.

Ороиши муй

91

81

60

51

43

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

5.

Дӯзанда

94

94

54

50

50

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд-

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

6.

Кафшергар

98

-

70

94

-

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

7.

Заргар

-

-

-

-

 

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

8.

Кешбофӣ

-

-

-

10

10

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

9.

Қолинбофӣ

26

26

5

-

 

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

10

Адрасбофӣ

-

-

-

5

5

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

11

Йӯрмадузӣ

-

-

-

-

 

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

12

Зардӯзӣ

-

-

-

-

 

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

13

Барқчӣ

60

-

22

101

-

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

 

14

 

Сохтмончӣ

 

-

 

-

 

-

81

 

-

КВД «Маркази таълими»- и шаҳри Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

15

Челонгар

54

-

30

38

-

КВД «Маркази таълими»- и ш. Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

16

Ошпаз

27

11

17

37

26

КВД «Маркази таълими»- и ш. Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

17

Забони руси

20

-

16

-

-

КВД «Маркази таълими»- и ш. Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

18

Таъмири автомобил

-

-

-

5

-

КВД «Маркази таълими»- и ш. Хуҷанд

КВД МТ-и н.Б.Гафуров

 

Ҳамагӣ

900

475

461

850

287

 

Тибқи Барнома соли ҷорӣ 92 нафар шаҳрвандони бекор бояд ба корҳои ҷамъиятии музднок ҷалб карда шаванд. Дар давраи ҳисоботӣ бошад,  аз тарафи Шӯъба 92 нафар шаҳрвандони бекор ба корҳои ҷамъиятии музднок барои ободонӣ, таъмири биноҳои мактабҳо ва кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд равона карда шуданд, ки  аз  ин ҳисоб 5 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 15, тариқи шартномаи № 1 ба 20 нафар бекорон барои таъмир ва ободонии мактаб,  дар  Ширхоргоҳи  № 33, тариқи шартномаи 2, бо 15 нафар бекорон,  дар беморхонаи касалиҳои сирояткунанда бо 25 нафар бекорон тариқи шартномаи №3, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №17 бо 15 нафар бекорон, Сарраёсати ободонӣ ва кабудизоркунӣ бо 17 нафар корҳои ҷамъиятии музднок ташкил карда шуд.
Музди миёнаи меҳнат мувофиқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати моҳи январ-ноябри соли 2016 дар шаҳр 1196,62   сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳсоботӣ   мувофиқи маълумоти оморӣ  қарз    аз музди меҳнати мӯҳлаташ гузашта  15597 сомонӣ вуҷуд дорад, қарзи вуҷуд дошта ба ду корона тааллуқ дорад, аз он ҷумла  ҶДММ «Ронанда» 9337,0 сомонӣ, Филиали  КВД «Тоҷиксармоягузор» 6260,0 сомонӣ мебошад.
Инчунин қарздории музди меҳнат дар назди кормандони соҳаи буҷавӣ аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, Маҳомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр ва дигар сохторҳои давлатии шаҳр    вуҷуд надошта сари вакт пардохт шуда истодааст. 
Шӯъбаи  Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ду маротиба ҷаласаи комиссияи оиди Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи бартараф намудани қарз аз музди меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт» гузаронида барои бартараф намудани  карзи музди меҳнати ба вуҷуд омада то ҳисоботи семоҳаи аввали соли равон  чораҳо андешид. Дар натиҷа аз тарафи маъмурияти ҶДММ «Нику-Хуҷанд» қарзи мӯҳлаташ гузашта то нимсолаи соли 2016 пурра пардохт карда шудаст. 
Оид ба иҷрои Нақша -чорабиниҳо доир ба тадбиқи Созишномаи Минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шӯрои ҳамоҳангсозии иттифоқи касабаи шаҳри Хуҷанд ва «Ассотсиатсияҳои соҳибкорони вилояти Суғд», дар ин давра оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар шаҳр ва бобати гузаштан аз қайди давлатӣ,  шартномаҳои коллективӣ 345  корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо ба қайд гирифта шуд. 

Р/т

Номгӯи соҳаҳо

Шумораи шартномаҳо

(адад)

1

Саноат

28

2

Сохтмон

15

3

Нақлиёт ва алоқа

4

4

Савдо ва хӯроки умумӣ

17

5

Хизматрасонии маишӣ

6

6

Хоҷагиҳои деҳқонӣ (кишоварзӣ)

2

7

Тандурустӣ

45

8

Маориф ва варзиш

96

9

Фарҳанг ва санъат

15

10

Хоҷагии манзилию коммуналӣ

5

11

Илм ва хизматрасонии илмӣ

1

12

Қарз суғурта ва бонкҳо

15

13

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ

22

14

Мақомоти идоракунанда

29

15

Дигар соҳаҳо

45

 

Ҳамагӣ

345

Дар ин давра  дар шаҳр 340 ҷойҳои кории холӣ дар корхонаю ташкилотҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, бонкҳо, нақлиёт ва алоқа ва дигар муассисаҳо муайян карда шуда  аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ба Шӯъба пешниҳод карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ,  ба шуғл ва касбомӯзӣ  ҷалб намудани ҷавонони бекор, Шӯъба дар Мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр корҳои ташфиқоти  тарғиботӣ  бо хатмкунандагони мактабҳо гузаронид, ки дар он намояндагони марказҳои таълимӣ, литсейҳои касбӣ техникии шаҳр иштирок намуданд. 
Бояд тазаккур дод, ки Шӯъба дар давоми соли 2016 бо  телевизион ва рӯзномаҳои шаҳрӣ ҳамкорӣ намуда рафти фаъолияти Шӯъба ва дастгирии бекорон тариқи маблағҳои шуғли аҳолӣ, бо кор таъмин намудани шаҳрвандон  ба навор гирифта шуда дар телевизионҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ пахш гардид.
Ҳамин тариқ, нақша-чорабинии Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ зина ба зина иҷро шуда истодааст. Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, минбаъд низ фаъолияти худро дар асоси нақша - чорабиниҳои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 2016-2017» ва дигар Қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд, ки ба Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд ба роҳ монад.
Инчунин баҳри дастгирии ҳунарҳои мардуми корҳои ҳамаҷониба бурда истодааст. Ҳамазамон тибқи супориши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, оиди таҳлил намудани марказҳои атласу адрасбофӣ гурӯҳи корӣ аз чор нафар ташкил карда шуд. Аз тарафи гурӯҳи корӣ Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд, шӯъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳри Хуҷанд, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд  санаи 19 июли соли 2016 мониторинг дар марказҳои атласу адрасбофӣ гузаронида шуда маълум карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ  дар шаҳри Хуҷанд 3 марказҳои таълимии атласу адрасбофӣ фаъолият намуда истодааст,  аз  ҷумла:
дар  КВД «Маркази таълими»-и шаҳри Хуҷанд 4 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб карда шудааст. Шумораи дастгоҳҳои қолинбофӣ бошанд, 24 адад буда, 34 нафар шогирдон таълим гирифтаанд, ки аз ин ҳисоб 26 нафарашон сокинони шаҳри Хуҷанд мебошанд.
Дар маркази таълимӣ-истеҳсолии ба номи «Зулфия Баҳриддинова» бошад, 10 адад дастгоҳи адрасбофӣ насб шуда, айни ҳол 39 нафар шогирдон тариқи роҳхати мақомоти шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд барои ҳунар омӯзӣ сафарбар карда шуданд. Боиси зикр аст, ки  то имрӯз зиёда аз 2000 метр матоъи адрас истеҳсол карда 600 метри он ба фурӯш бароварда шудааст. 
Дар Маркази таълимии ҶДММ «Веттоҷ» 15 адад дастгоҳи адрасбофӣ вуҷуд дорад, Дар маркази мазкур 85 нафар шогирдон ҳунар омӯхта марказ зиёда аз 580 метр матоъ истеҳсол намудааст.
Боиси тазаккур аст, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ин гуна дастгоҳҳои бофандагӣ дар марказҳои савдо ва бозорҳо насб карда, ҳунармандон ҳунари қадимаро ба хоҳишмандон меомузанд. Ин аст, ки бо ташаббуси Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар мағозаи №99 воқеъ дар бозори « 20- солагии Истиқлолият» 2 дастгоҳ харидорӣ ва насб карда шудааст. Дар 2 дастгоҳ ду усто ба 4 шогирд ҳунар меомузанд. То имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 200 метр матоъи адрас истеҳсол шуд.
Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд оиди рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 июни  соли 2014, № 375 «Дар бораи рушди ќолинбофии дастї ва дигар њунарњои мардумї» дар шањри Хуљанд саҳми худро гузошта истодааст. Шӯъба барои ҳарчи бештар кам намудани сафи занони бекор дар шаҳр ва эҳё намудани ҳунарҳои мардуми мусоидат менамояд.

 Сардори Шӯъба                                               Калонова Г.Н.

Муовинони Раиси шаҳр

Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Роҳбарони сохторҳо

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Муҳаёхон Обидшеховна 25 феврали соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Институт...
Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25 феврали соли 1981 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2004 Донишг...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзоқосим Мирзокаримович 17 сентябри соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Но...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20 майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи давлат...
Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғ. Дадоҷонов Ғафурҷон 11 июли соли 1954 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1977 Донишгоҳи хоҷагии қишло...
Қосимов Б.И. Қосимов Б.И. Қосимов Бахтиёр Иброҳимович 23 январи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1992 Институти да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишгоҳи да...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. ИСМАТҶОНОВ БАХТИЁР ҲУСЕЙНОВИЧ 31 майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба н...
Дадобоев М.М. Дадобоев М.М. Дадобоев Маҳмудҷон Мамадҷонович 27 ноябри соли  1968 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст.Миллаташ тоҷик. Соли 1989 баъд аз ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10 ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи да...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Марҳабо Усмоновна 7 октябри соли 1963 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишкадаи текстили- технологии б...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, 4 январи соли 1966 шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1987 Институти политехникии Тоҷикистон ва ...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода. 9 майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиё...
Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул Расулзода Раҳим Расул 20 июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии...
Абдуллоев М. Б. Абдуллоев М. Б. Абдуллоев Муҳидинхон Баҳоваддинович. 20 сентябри соли 1966 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик,  маълумоташ олӣ. Соли 200...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти полит...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишгоҳи политехни...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Институт...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз649
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта631
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта649
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5313
mod_vvisit_counterҲамин моҳ17339
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15438
mod_vvisit_counterҲамагӣ802216