(1 голос, среднее 1.00 из 5)

Ҳисоботи

шуъбаи кор занон ва оилаи мақомоти иҷроияи

ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

барои нимсолаи аввали соли 2015

 

Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаъолияти хешро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати Президенти мамлакат, Ҷаноби олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», дар бораи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» (аз 3.05.2014, №294), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва амрҳои Раиси вилоят, Раиси шаҳр,  инчунин нақшаи корӣ равона менамояд.
Доири татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон” аз 6 майи соли 2006, №213, баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳангии ҳуқуқии аҳолӣ, бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, оид ба поймол намудани ҳуқуқи инсон,  сўйиқасд ба ҷони худ, пешгирии  хариду  фурўши одамон, ва таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ дар тарбияи фарзанд, дар ҳамаи маҳаллаҳои шаҳр пайваста вохўриву тренингҳои маърифатӣ, мизи мудаввар ва машваратҳо, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳои мақомот баргузор мегардад.
Ба тасвиб расидани Фармони махсуси Президенти мамлакат, «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», (3.12.1999, №5) чун ба як фишанги тавонои пешбурди ҷамъият,  қабули Стратегия ва Барномаҳои давлатӣ марҳилаи тозаеро дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва бештар намудани ҷалби занон ба ҳаёти ҷамъиятӣ боз намуд.
Оид ба татбиқи Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», шуъба фаъолиятро ба роҳ мондааст.
Бояд зикр сохт, ки аз 172500 нафар  аҳолии шаҳри Хуҷанд 81 500  нафари он, яъне 47,2 дарсадро занон ташкил  медиҳанд ва аз он 55,1   дарсад занони  қобили  меҳнатанд.
Дар шаҳр аз рўи маълумоти оморӣ теъдоди кормандон дар соли 2015 - 39830 / 21135 н.зан, дар соли 2010 – 29824 / 14484 н.зан, яъне  +10.006 / 6651н. зан, нишондиҳандаҳо оид ба болоравии мансабии занон, яъне дар кадрҳои роҳбарӣ: 3777 / 1115 н. зан, дар соли 2010 - 2789 /1033 н. зан, яъне  +988 / 82 н. зан зиёд гардидааст.
Шумораи занонкормандони дорои дараҷаҳои илмӣ буда, аз 132 ба 208 нафар расида, яъне 76 нафар зиёд гардидаанд.
- алҳол дар МИҲД шаҳр дар вазифаи роҳбарӣ- 5 нафар,
-хизматчиёни давлатии мақомот- 26 нафар
-дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ-7 нафар,
-вакилони мачлиси Олӣ – 2 нафар,
-вакилони маҷлиси вилоятӣ - 1 нафар,
- маҷлиси шаҳрӣ - 9 нафар,
-3 нафар раисони кумитаи маҳаллаҳо,
-мактаби варзишӣ -3 нафар,
-директорони макотиби миёна-33 нафар, 
-кўдакистон - 34 нафар, 
-сардухтури беморхонаҳо - 6 нафар занон
-ба таҳсилоти миёнаи умумӣ- 32900 нафар хонандагон фаро гирифта шуда,-аз онҳо 15 511 нафар, яъне 47 % духтарон ташкил медиҳанд.
Ҷоизи  қайд аст, ки занону духтарон:
-дар мақомоти идоракунӣ -2524 нафар фаъолият, 92н.рохбар,
-дар соҳаи маориф- 4720 нафар фаъолият, 289 н. рохбар,
-дар соҳаи илм - 24 нафар фаъолият намуда, 2 н. рохбар,
-дар соҳаи тандурустӣ- 4494 нафар фаъолият, 109 н. рохбар,
-дар соҳаи фарҳанг - 701 нафар фаъолият, 37 н. рохбар,  
-мактабҳои варзишӣ- 141 нафар фаъолият, 13 н. рохбар,
-дар соҳаи саноат - 3963 нафар фаъолият, 121 н.-рохбар,
-дар соҳаи савдо -1136 нафар фаъолият, 122 н.-рохбар,
-дар соҳаи сохтмон -150 нафар  фаъолият, 26 н.-рохбар,
-дар соҳаи маблаггузорӣ ва бонкхо -1084 н, 64 н.-рохбар,
-дар соҳаи нақлиёт - 88 нафар  фаъолият, 8 н. рохбар,
-дар соҳаи алоқа -200 нафар фаъолият намуда, 10 н. рохбар,
-меҳмонхона - 94 нафар  фаъолият, 13 н. рохбар фаъол.д/д.
Ҷалби бештари занон ба идоракунии сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ифодакунандаи маҳорати баланди ташкилотчигию истеъдоди кории онҳост.
Ба 22 нафар раисони шӯрои занони маҳаллаҳои шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маош дода мешавад.
Дар доираи иҷроиши «Барномаи давлатии тайёр кардани  мутахассисон  аз ҳисоби   занон  ва мусоидат ба шуғли  онҳо барои солҳои 2012-2015», дар ҷаласаҳои шўрои занони маҳаллаҳо, масъалаҳои таъсис додани ҳайати кории кумитаи маҳаллаҳо аз ҳисоби шахсони барўманд, собиқадорон, занону ҷавонон, соҳибкорон ва шахсони эҷодкор, эҳё ва тарғиби анъанаҳои миллӣ, расму оини мардумӣ баҳри сарҷамъии сокинон, ҳифзи арзишҳои фарҳангии халқӣ, эҳтиром, муҳаббат, самимияти ҳамдигарии аҳолӣ дар маҳалҳо ва рушди саноати сабук, эҳёи санъати сўзанидўзӣ, қолинбофии дастӣ, дўзандагӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Оид ба эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии тайёр кардани  мутахассисон  аз ҳисоби   занон  ва мусоидат ба шуғли  онҳо барои солҳои 2012-2015», ду нафар устодони қолинбофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, дар литсейи касбӣ-хизматии №56, ба 10 нафар занону духтарони маҳал, ҳунари қолинбофии афғониро омўзониданд.
Аз маълумоти омории хадамоти муҳоҷират дар шаҳр бармеояд, ки шумораи муҳоҷирон дар соли 2014 аз 3912/ 577 нафар занон ва дар соли 2015 907/ 255 нафарро занон ташкил медиҳанд, ки ин нисбати соли гузашта - 322 нафар кам гардидааст.
Мутобиқи маълумоти таҳқиқотӣ сабаби асосии сатҳи пасти шуғли занон-ин шумораи зиёди кўдакони ноболиғ дар оила ва норасоии муассисаҳои таълимии томактабӣ мебошад, ки имкониятҳои занонро барои дарёфти кори мувофиқ ва даромаднок маҳдуд менамояд.
Занон бештар дар соҳаҳои тандурустиву маориф фаъолият менамоянд. Масалан - дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз 2169/ 1 888 нафар зан, яъне 87 %   омўзгорон-занон фаъолият доранд. Инро ҳукумат ба эътибор гирифта, барои таъсиси ҷои нави корӣ тадбирҳо андешида истодааст.
Ҷиҳати иҷрои банди 18-и нақшаи амали барномаи мазкур, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 27 марти соли 2015, № 253 Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ дар соли 2015 - 15 грант ба маблағи 50000 сомонӣ ба роҳ монда шуд.

Шуъба бо Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи Миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, баҳри дастгирии занони ҳунарманд фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
Маҳфилҳои  доимоамалкунандаи  «Фарҳанги оиладорӣ», дар ҳамбастагӣ бо ДДХ моҳе як маротиба гузаронида мешавад, ки ҳадаф пешгирии барҳамхўрии оилаҳо ва омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, баҳри барпо намудани муносибатҳои боэҳтиромона байни аъзоёни оила, хусусан мардону занон, волидайну фарзандон ва ҷомеа ва “Фарзанди нек-орзую уммеди нек”, дар доираи иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, моҳе як маротиба гузаронида мешавад.
Дар асоси Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, маркази иттилоотӣ-машваратӣ дар назди шуъбаи кор бо занон ва оила фаъолият менамояд, ки ба муроҷиаткунандагон ҳуқуқшинос-ройгон  хизмат мерасонад.
Оиди амалисозии барномаи мазкур, инъикоси намунаҳои воқеии фаъолияти хубу самараноки занон дар сиёсат ва иқтисодиёт бошад, саҳифаи махсуси шуъбаи кор бо занон ва оила «Ҳусноро» дар  газетаи  шаҳрии «Тирози чаҳон» нашр мегарданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» 19 марти соли 2013, № 954 ба тавсиб расид.
Барномаи мазкур бо мақсади пурзўр намудани механизмҳои пешгирии зўроварӣ дар оила, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус омилҳои зўроварӣ дар оила, ба қайдгирии огоҳкунии инфиродӣ оид ба масъалаҳои роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддиҷамъиятӣ, кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумхурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
Эълон шудани соли 2015 – “Соли оила” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иқдоми нек буда, мардуми кишварамон онро бо хушнудӣ истиқбол намуданд, зеро пойдевори давлату ҳукумат оила аст.
Бо вуҷуди дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои занону ҷавонон дар ин самт камбудиҳо ба монанди - пош хӯрдани оилаҳо, зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешовандони наздик ва дар ин ҷода зиёд гардидани тавлиди кӯдакони маъюб ташвишовар аст.
Инро ба назар гирифта, шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самти фаъолиятро тағир дода, корҳои пешгирикунанда ва тарғиботию ташвиқотиро дар маҳаллаҳо хона ба хона ва дар ба дар, хусусан дар маҳаллаҳои осебпазир, дар ҳамҷоягӣ бо раисони кумитаи маҳаллаҳо ва раисони шўрои занони маҳаллаҳо бо фаъолону собиқадорони ҳамаи соҳаҳо ба роҳ монд, то пеши роҳи пошхўрии оилаҳо дар ҳамбастагӣ гирифта шавад.
Зикр бояд намуд, ки тўли  шаш моҳи соли ҷорӣ дар 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд бо 307 оилаҳо корбарӣ ва 136 оила ба созиш оварда шуда, аз барҳамхўрии оилаҳо эмин нигоҳ дошта шуд.
Моҳи март, бо дарназардошти баргузории “Наврўзи умумиҷаҳонӣ” дар шаҳри Хуҷанд, баҳри дар сатҳи баланди меҳмоннавозӣ истиқбол намудани меҳмонони олиқадр, корҳои зиёд ба сомон расонида шуданд.
Дар ин радиф дар ҳамаи 22 маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд, чорабиниҳои наврўзӣ ва пухтани Суманак доир карда шуданд.
Ҳамчунин дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, ҷиҳати истиқболу баргузории “Наврўзи умумиҷаҳонӣ”, шуъбаи кор бо занон ва оила, ба ифтитоҳи якчанд иншоотҳои ҷашнӣ масъул буд, ба монандӣ:
- дар чорабинии наврўзии Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи К.Хуҷандӣ, рўзҳои таҷлили Ҷашни байналмиллалии Наврўз дар коллеҷи омўзгории шаҳри Хуҷанд, боздид аз маркази таълимӣ-истеҳсолии қолинбофии “Шероз”, дар маросими ифтитоҳи корхонаи ҶДММ “Файзи Расул”, маросими ифтитоҳи “Амфитеатр”-и Арбоб, тантанаи наврўзии Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, ифтитоҳи лавҳаи “Шаҳрвандони фахрӣ”-и шаҳр, иштирок дар маҷлиси ҷамъбастии вилоят бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд дар маркази таълимию истироҳатии шуъбаи минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Сарвари давлат.
Ичунин ифтитоҳи чойхонаи адибон, ошхонаи миллӣ, мағозаи гулҳо ва хатнасури 10 нафар кўдакон аз оилаҳои ниёзманд дар хиёбони И.Сомонӣ баргузор гардид.
Ба таҳкими оила сари вақт эътибор додан ва барои пешгирии косташавии мақоми оила, чун ячейкаи нахустини ҷамъият тадбирҳои зарурӣ андешидан аз вазифаҳои муҳимтарине маҳсуб мешавад, ки рўзгори пурталотум, пешорўи ҷумлаи инсоният қарор додааст. Дар ин замина эълон гардидани соли 2015 “Соли оила” моро музавваф менамояд, то дар пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани самти кор бо оила чораҳои таъхирнопазир андешем.
Шуъба бахшида ба “Соли оила” нақша-чорабиниҳо, аз лиҳози вохўриву озмун ва маҳфилҳо дар маҳаллаҳо, донишгоҳҳои оливу коллеҷҳо, бозорҳову корхона ва ташкилотҳо омода намуда, фаъолият намуда истодааст.
Бо дарназардошти эълон гардидани «Соли оила» дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъба, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳр баҳри тарғиби тарзи либоспўшии миллӣ, гурўҳи корӣ иборат аз намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр,  иқтисод ва савдо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва нозироти андози шаҳр, амалиёти назоратӣ аз мағозаҳои «Аҷр», «Сафия», «Зухра», «Ҷумана», «Марям», «Осия», «Маркази Баҳор», «Ҳоҷӣ Абдулазиз», «Тоҷир», “Сино”, мағозаи фурўши либоси занона (шафати мантухонаи Насиба) ва бозорҳои “Афросиёб”, “Панҷшанбе”, “Нури Хуҷанд” ва мағозаҳои қади роҳи панҷшанбе доир карда шуд.
Ба ҳамаи мағозаҳо ва бозорҳои болозикр, оиди аз даромадгоҳ ва дохили мағоза бардоштани (баннер) рекламаҳои  расмҳои занони ҳиҷобпўш ва маникенҳои сатрдор, манъи фурўши ҳиҷоб ва сарпўшҳои сиёҳ фаҳмонида, огоҳонида шуд, ки дар мўҳлати то 2 рўз бояд ҳамаи он эродҳо бартараф карда шаванд.
Дар факултети забонҳои хориҷии ДДХ, вохўрӣ бо иштироки беш аз 150 нафар донишҷўёну устодони донишгоҳ, дар мавзўи «Фарҳанги либоспўшии бонувони муосир» доир гардида, дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, директори коллеҷи омўзгорӣ, вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва раиси шўрои занони ДДХ иштирок ва баромад намуда, тавассути ВАО инъикос карда шуд.
Моҳи март дар маҳаллаҳои «Раззоқ», «Тути калон», “Дўстии халқҳо” бо иштироки беш аз 30 нафарӣ сокинони маҳаллаҳои болозикр, оид ба таблиғи арзишҳои миллӣ, зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспўшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии занон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ, пешгирии зўроварӣ дар оила, оқибатҳои никоҳи хешу табории наздик, пешгирии фавти модару кўдак вохўриҳо доир карда шуда, дар он намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, раиси бибиотунҳои шаҳр, маркази занон «Гулрухсор» ва духтурони амрози занона аз таваллудхонаи шаҳрӣ иштирок ва баромад намуда, тавассути телевизиони «Диёр» инъикос гардонида шуд.
Дар барномаи «Равзанаи меҳр»-и ТВ Суғд, зани сиёсатмадор, ходими давлатию ҳизбӣ Ҳасанова Ш.Ҳ. ва вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Муинова М. оиди мавзуъҳои болозикр баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Баҳри пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, худкушӣ ва сўиқасд ба он, нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар байни занҳо, дар ҳамаи  маҳаллаҳои шаҳр мунтазам вохўриву мулоқотҳо доир мегарданд, мутассифона соли равон низ занон ба ин амали нангин даст задаанд, яъне дар шаш моҳи соли равон-3 нафар зан даст ба худкушӣ задааст, (2нафар зинда мондааст) ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта-4 адад кам, яъне дар  шаш моҳи соли 2014- 6 нафарро ташкил менамуд.
Оиди ҷиноятсодиркунии занон  бошад, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад  кам гардидааст, ки он низ боиси нигаронӣ аст. (2014-19 нафар зан-33 ҷиноят, 2015-26 нафар зан-24 ҷиноят):
Дар нимсолаи аввали соли равон 32 нафар занон аз 120 нафар, барои беҳтар гардонидани шароити зист, бо қитъаи  замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд.
Шуъбаи кор бо занон ва оила, мактубу аризаҳо ва пешниҳодоти шаҳрвандонро, ки ба салоҳияти шуъба мансубанд, баррасӣ ва аз натиҷаи он ба шуъбаҳои дахлдор маълумотҳо дода, дар доираи салоҳияти худ иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳр, ки ба масъалаҳои занон дахл доранд, дар маҳалла ва ташкилоту корхонаҳо ба роҳ мондааст.
Давоми шаш моҳи соли 2015 ба унвони шуъба 36 адад таъинотҳои хусусии маҷлиси судӣ оиди парвандаҳои шаҳрвандӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ворид гардид, муқоисаи ҷудошавии оилаҳо бошад,  дар соли 2014 –183нафар буда, дар соли 2015 - 148 нафар, яъне 18 нафар кам гардидааст.
Ба қайдгирии оилаҳо, дар соли 2014 –690  ҷуфт никоҳ карда шуда, дар соли 2015 - 523 ҷуфт, яъне 54 ҷуфт кам оила барпо намудаанд.
Давоми моҳ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи муовини Раиси шаҳр Муродова У.Б. бо иштироки намояндагони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, вазорати корҳои дохила, кор бо маҳаллаҳо, бахш оид ба дин, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, раиси маҳаллаҳо, раиси шўрои занони маҳаллаҳо, оиди масъалаҳои тарғиби либосҳои ғайрирасмӣ ва шомилшавии занону ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳо доир гардид.
Дар давоми моҳ аз тарафи шўъба дар асоси нақшаи чорабиниҳои шуъба дар гимназияи № 4 вохўрӣ бо оилаҳои намунавӣ, бахшида ба «Соли Оила» бо хонандагони синфҳои 10-11 гузаронида шуд, инчунин  дар коллеҷи омўзгорӣ бахшида ба «Соли – оила» вохўрӣ бо донишҷуён ва бо иштироки оилаҳои намунавӣ баргузор гардид. Ҳамчунин  санаи 6 апрели соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи дастуру супоришҳои муовини якуми Раиси Вилоят Сангинов Ҷ.Р. ва Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода, ки дар иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум (12 марти соли 2015) баён гардида, иҷроиши банди 3, пурзўр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотию ташвиқотӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз ҷумла худкушӣ ва сўиқасд ба он дар байни занон бо иштироки фаъоли аҳли фарҳанг, зиёиён, шоирону нависандагон ва уламои дин, дар маҳаллаи «Навбаҳор»  вохўрӣ бо сокинони маҳалла доири масъалаи мазкур бо иштироки раиси маҳалла, раиси шўрои занони маҳалла ва нозири маинтақавӣ Сангинов доир гардид.
Моҳи апрели соли равон дар асоси нақша, шуъбаи кор бо занон ва оила, дар ҳамҷоягӣ бо намояндаи КИВ ҲХДТ, директори шабакаи барқи шаҳр-вакили маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд ва намояндагони таваллудхонаи шаҳрӣ, дар маҳаллаҳои «Чашмаи арзана», “1-Май”, “Масҷиди Савр” бо сокинони маҳаллаҳо, оид ба таблиғи арзишҳои миллӣ, зиндагии дунявӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳангу либоспўшии ғайр, гирифтани пеши роҳи шомилшавии занону ҷавонон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ ва оид ба гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ ҷиҳати сафарбар намудани шаҳрвандони синни даъватӣ ба сафи кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохўрӣ доир гардида, он тавассути ТВ «Диёр» инъикос гардонида шуд.
Санаи 9 апрел дар асоси нақша чорабинии  шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъияти Маркази иҷтимоии ҳуқуқии «Сарчашма» дар бинои Кохи Матбуот, мизи мудаввар дар мавзўҳои «Муттаҳидии ҷамъият» ва «Ҷамъияти бехатар барои занон» бо мақсади камшавии ҷудошавии оилаҳо ва барои устувории оилаҳои ҷавон, доир гардид.
Дар давоми моҳ дар маҳаллаи «Шарқ» вохўрӣ доир ба масъалаҳои ҷудошавии оилаҳо, ба зиндагӣ ва оиладорӣ омода намудани духтарон, ҷалби бештари духтарон ба илму касбу ҳунаромўзӣ бо иштироки фаъолон ва сокинони маҳалла доир гардид.
Санаи 15 апрел дар Кохи Фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси фаъолон доир гардид. Ҳамчунин дар маҳаллаи «Навбаҳор» вохўрӣ доир ба пешгирии фавти модару кўдак тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иштироки духтури оилавӣ Раззоқова ва сокинони маҳалла доир гардид.
Санаи 16 апрел бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли оила, дар якҷоягӣ бо Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, бо устодон ва донишҷўёни донишкада чорабинии илмӣ–адабӣ таҳти унвони «Омилҳои таъмини оилаи солим дар ҷомеа» баргузор гардид.
Дар давоми моҳ масъулини шўъба дар маҷлиси машваратии прокуратураи шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар китобхонаи бачагонаи вилоятӣ маҳфили навбатии «Фарзанди нек – орзую умеди нек» бахшида ба Соли оила бо иштироки аъзои шўро, директори хонамузейи устод М.Турсунзода, раиси бибиотунҳои шаҳр ва толибилмони макотибҳои шаҳр доир гардид. Ҳамчунин дар  китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхўҷа Асири семинар- тренинг омўзишӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти байналмилалии муҳоҷират бо иштироки мудири шуъба ва ҳуқуқшиноси маркази иттилоотӣ баргузор гардид. Инчунин дар ҳамҷоягӣ бо КИҲХДТдар шаҳри Хуҷанд  дар Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон бахшида ба Соли оила маҳфили мубоҳисавӣ таҳти унвони «Ҳар рўзи ман бо муҳаббат оғоз мегардад  на бо хушунат» ва дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, дар хобгоҳи № 1 чорабинӣ таҳти унвони «Оилаи обод дили шод» бо иштироки масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила, фаъолзанон, раиси шўрои занони донишгоҳ, донишҷўён доир гардид.
Санаи 25 апрел  дар МИҲД- и шаҳри Хуҷанд  вохўрӣ бо сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои занон ва кўдакони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар давоми моҳ боздид аз фаъолияти кори маркази қолинбофӣ дар литсейи касбӣ-хизматии № 56 бо иштироки Раиси шаҳр доир гардид. Ҳамчунин рейди назоратии такрорӣ аз мавзеи «Панҷшанбе», хоса маркази савдои «Абдулазиз», дар якҷоягӣ бо намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи  корҳои дохила, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши дин гузаронида шуд.
Дар асоси нақша чорабинии  шуъбаи кор бо занон ва оила, бахшида ба “Соли Оила”  дар тарабхонаи «Шаҳзод» маҳфили «Андеша» бо иштироки зиёда аз 150 нафар фаъолзанон, адибон, имомхатибон, раиси шўрои занони маҳаллаҳо, бибиотунҳои шаҳр, ҷавонон ва ду оилаи барўманд аз маҳаллаҳои «Дўстии халқҳо» ва «Ваҳдат» баргузор гардид, ки дар он оилаҳои барўманд бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд. Чорабинии мазкур тавассути ВАО сабт карда шуд.
Дар асоси ҷадвали баргузории мулоқотҳо дар макотибҳои ҳудуди шаҳр оиди тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар талим ва тарбияи фарзанд», бурдани тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ ва падидаҳои номатлуб байни ноболиғон, дар гимназияи № 1 ба номи М.Беҳбудӣ ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 70-солагии Иди Ғалаба баргузор гардид, ки дар он ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Хоҷаев Ҳабибулло ва Эшонов Мамадхон, Раиси собиқадори Ҷангу меҳнати шаҳри Хуҷанд Осимов Ҳ. О. ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд Дадобоева М.О. иштирок доштанд.  Мудири шуъба Дадобоева  М.О. ҳозиринро аз номи Раиси шаҳр   Раҷаббой Аҳмадзода табрику муборак намуданд.
Баҳри иҷрои Қарори  Раиси шаҳр аз 6 апрели соли 2015, № 278, Дар бораи ташкил ва гузаронидани Озмуни «Дарёи муҳаббат» дар шаҳр , бахшида ба Соли Оила дар маҳаллаҳои «Тути калон» ва «Чорчароғ» «Раззоқ», «Масҷиди Савр» ва «Қ.Қурбонов» озмуни «Дарёи муҳаббат» бо иштироки оилаҳои намунавӣ доир гардид. Дар вохўрии мазкур намояндаи шуъбаи кор бо занон ва оила, аъзоёни комиссия, иштирок намуданд, ки он тавассути телевизиони «Диёр» инъикос карда шуд. Бахшида ба 70 – солагии Иди Ғала дар маҳаллаи «Чаббор Расулов» вохўри бо собиқадорони ҷангу – меҳнат  баргузор гардид. Санаи 8 май иштирок дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Иди Ғалаба дар майдони Шаҳидонаи маркази шаҳр.  Аз рўи нақша чорабинии шуъбаи кор бо занон ва оила ҷаласаи шурои занони маҳаллаҳо доири масъалаҳои омодаги ба «Рўзи байналмиллалии оила», кори фардӣ бо оилаҳо аз рўи усули «Хона ба хона, дар ба дар», корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди фарҳанги либоспўшии миллӣ доир гардид. Ҳамчунин дар донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров конфронси илмӣ – амалӣ дар мавзўи «Зан – чароғи хонадон» бо иштироки масъулини шуъбаи кор бо занон ва оила,  фаъолон, устодон ва донишҷўён баргузор гардид. Бахшида ба «Соли Оила» дар якҷоягӣ бо ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар «Маркази Фарҳанг»   бахшида ба Рузи оила чорабинии идона таҳти унвони «Оила умеди фардои мурод» бо иштироки 3 оилаҳои намунавӣ баргузор гардид, ки дар он меҳмонон аз пойтахти кишвар иштирок намуданд. Санаи 15 май дар асоси қарори Раиси шаҳр аз 13 майи соли 2015, №360 «Дар бораи таҷлили Рўзи байналмиллалии Оила» дар тарабхонаи «Мирзоҳабиб» чорабинии калони идона бахшида ба «Рўзи байналмиллалии Оила» бо иштироки Раиси шаҳр, фаъолонзанони шаҳр ва  ду оилаи намунавӣ оилаи Шерматовҳо ва оилаи Ўлмасовҳо баргузор гардид. Дар оғози чорабини Раиси шаҳр ҳозиринро бо  Рўзи Оила  табрику муборакбод намуданд. Чорабинӣ бо суҳбату саволу ҷавоб доири оилаю оиладорӣ гузаронида шуд. Дар охир ба оилаҳои намунавӣ туҳфаи хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд. Ҳамчунин дар ин сана дар Боғи Камоли Хуҷандӣ, шуъбаи кор бо занон ва оила дар якҷоягӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Сарчашма» чорабинии идона бахшида ба «Рўзи байналмиллалии Оила» бо иштироки шаш оилаҳои ҷавон баргузор намуда, иштирокдорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд..  Санаи 19 май дар маҳаллаи «Ваҳдат» дар асоси нақша чорабинии шуъба бахшида ба «Соли оила» озмуни «Дарёи муҳаббат» бо иштироки сокинони маҳалла ва фаъолон  дар ЛК 56 бо оилаҳои барўманди маҳалла ва бо иштироки намоянда аз шуъбаи кор бо занон ва оила, ва  аъзоёни комиссия иштирок доштаанд. Дар охир ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотирави супорида шуд. Дар асоси нақша чорабини шуъба  бахшида ба «Соли Оила» Озмун таҳти унвони «Тарғиби таомҳои миллӣ»дар маҳаллаҳои «Масҷиди Савр » «Темурмалик » «Тути калон» «С.Ҳофиз» «Ҷаббор Расулов» бо кадбонуҳои моҳир Каримова Мамлакат, Султонова Мутрибахон, Шарипова Мафтунахон,Турсунова Саодат,Маҳмудова Бихосият  оиди тарзи тайёр намудани таомҳои миллӣ сўҳбат доир карда шуд.Дар корхонаи ВТ-Силк бо иштироки Раиси шаҳр намоиши либосҳои бачагона ва мактабӣ ва сарулибоси миллии ватанӣ ба намоиш гузошта шуд. Шуъбаи кор бо занон ва оила тибқи нақша чорабини  санаи 26 майи соли 2015,Озмуни «Тарроҳӣ беҳтарини либосҳои миллӣ» ва ҷамъбасти Озмуни «Тарғиби таомҳои миллӣ» дар тарабхонаи «Шаҳзод» чорабинии калони идона бахшида ба «Соли Оила» бо иштироки 150 нафар фаъолонзанони шаҳр баргузор гардид. Барномаи рангини консертӣ хотимабахши чорабинии идона гардид.Дар охир ба  ғолибони Озмун бо диплому туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр супорида шуд. Дар давоми моҳи май маҳфили доимоамалкунандаи «Фарзанди нек- орзую умеди нек»  бо иштироки хонандагони макотибҳои шаҳр дар китобхонаи бачагонаи вилояти таҳти унвони «Ҷавони бо ҳуснаш зебост» доир гардид. конференсияи вилоятӣ таҳти унвони «Оила-нерўи пешбарандаи ҷомеа», ки дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи А. Рўдакӣ»- и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуд. Инчуни  гўшаи ҳунарҳои миллӣ ба монандӣ сўзанидўзӣ, адрасбофӣ, зардўзӣ, қуроқдўзӣ, гулдўзӣ ва қолинбофӣ аз тарафи ҳунармандони шаҳри Хуҷанд омода карда шуд. чорабинии идона бахшида ба рўзи муҳофизати кўдакон дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки шуъбаи кор бо занон ва оила ва раиси шўрои занони маҳаллаҳо. Инчунин  дар маҳаллаи «Дўстии халқҳо» бо иштироки раиси занони ҲХДТдар шаҳр намоянда аз шуъбаи кор бо занон ва оила дар қаҳвахонаи ба номи «Очил» бахшида ба «Рўзи кўдакон» чорабини барои кудакони ятими макотибҳои №10,№8,№13 баргузор гардида чорабиниро тавасути ВАО инъикос карда шуд. Шуъбаи кор бо занон ва оила мактубҳои ба унвони шуъба воридгардидаро сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода, дар асоси қонунҳои амалкунанда ба муроҷиаткунандагон ҷавобҳои мушаххасгардонида, дастрас карда шуд.
Дар ин муддат ба унвони шуъба – 27 адад аризаи шаҳрвандон ворид гардида, 100 нафар шаҳрвандон оиди масоили гуногун қабул  карда шуда, ҳамаи  он  аз  тарафи масъулини шуъба санҷида, бо эшон сўҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида шудааст. Ҳамчунин маълумотнома нисбати 6 нафар маҳкумшуда, ки аз Раёсати корҳои ислоҳӣ ворид шудааст, дида баромада шуда, бо ў корҳои тарбиявӣ гузаронида шуд.

 

Мутахасиси пешбар                                                Шарипова З.

Председатель города

Заместители Председателя

Солизода Р.Р. Солизода Р.Р. Муовини Раиси шаҳр Солизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳр таҳти №282 аз 2-июни соли 2016 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.Солизод...
Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳр Ғайбуллозода Хайрулло бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ш...
Ҳошимзода Раъно Ҳошимзода Раъно Муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно аз 6 феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд кор мекунад. Ҳошимзода Раъно 29 октябри сол...

Руководители структур

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Мухаё Обидшеховна. Родилась 25 февраля 1966 года в городе Худжанде, по национальности таджичка, имеет высшее образование. В 1990 г...
Ишанкулов Г. С. Ишанкулов Г. С. Ишанкулов Гайрат Саидбекович. Родился 25 февраля 1981 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 200...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзокосим Мирзокаримович родился 17 сентября 1984 года в городе Худжанде в семье интеллигента. По национальности таджик. Имеет высш...
Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Дододжон Г. Дододжон Г. Дододжон Гафурджонов. Родился 11 июля 1954 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1977 году окончил И...
Косимов Б. И. Косимов Б. И. Косимов Бахтиёр Ибрагимович. Родился 23 января 1967 года, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1992 году окончил Ленинабадс...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Исматджонов Б. Х. Исматджонов Б. Х. Исматджонов Бахтиёр Хусейнович Родился 31 мая 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2004 году окончил Худжандский государ...
Дадобоев М. М. Дадобоев М. М. Дадобоев Махмуджон Мамаджонович. Родился 27 ноября в городе Худжанде в семье рабочего. Таджик. В 1989 году после окончании военной службы в...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Саидова М. У. Саидова М. У. Саидова Мархабо Усмоновна Родилась 7 октября 1963 года в городе Худжанде. По национальности таджичка.В 1988 закончила текстильно-технол...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, родился 4 января 1966 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1987 году окончил Политехнический Таджи...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илҳом Иномович 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик буда маълумоташ олӣ аст. Соли 2000 Донишгоҳи ...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Расулзода Р. Р. Расулзода Р. Р. Расулзода Раҳим Расул родился в 1978 году в городе Худжанде. Таджик. Образование высшее. В 2000 году окончил юридический факультет ТГУП...
Абдуллаев М. Б. Абдуллаев М. Б. Абдуллаев Мухиддинхон Баховаддинович родился 20 сентября в 1966 году в городе Исфаре. Таджик. Образование высшее. В 2002 году окончил факуль...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15 июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Институти полит...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1 августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишгоҳи политехни...
Қаландаров И. Ш. Қаландаров И. Ш. Қаландаров Иброҳим Шарифҷонович 8 ноябри соли 1963 дар ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1988 Институт...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз134
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта883
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1719
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5313
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18409
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта15438
mod_vvisit_counterҲамагӣ803286