(0 голоса, среднее 0 из 5)

Ҷ У М Ҳ У Р И И   Т О Ҷ И К И С Т О Н

В И Л О Я Т И   С У Ғ Д

Р А И С И  Ш А Ҳ Р И   Х У Ҷ А Н Д

Қ А Р О Р

ш.Хуҷанд

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд
бахшида ба «Соли ҷавонон»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ҷиҳати иҷроиши амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 8 феврали соли 2017, № АП-833, қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 марти соли 2017, № 134 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Соли ҷавонон»» ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию маънавӣ таҷлил намудани Соли ҷавонон, қ а р о р  м е к у н а м:

1. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 феврали соли 2017, № АП-833 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 28 марти соли 2017, № 134 ба роҳбарӣ гирифта шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба «Соли ҷавонон» тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

3. Ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шавад, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатнокии чорабиниҳои дар Нақшаи чорабиниҳои мазкур пешбинишударо таъмин намуда, аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар семоҳа ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумот пешниҳод намоянд.

4. Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, Маркази таҳлилию иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳр, ширкатҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ, идораи рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» барои инъикоси ҳамаҷонибаи чорабиниҳои дар Нақшаи чорабиниҳои мазкур пешбинигардида барномаву маводҳои ҷолиб таҳия, пахш ва нашр намояд.

5. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017, ки аз санаи 3 феврали соли 2017 тасдиқ шудааст, аз назорат соқит карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳр Ҳошимзода Р. гузошта шавад.


Раиси шаҳр                                            Муҳаммадзода М.


Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз

«___» _________ соли 2017, №____
тасдиқ шудааст.


Нақшаи

чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

оид ба «Соли ҷавонон» эълон гардидани соли 2017

Р/т

Номгӯи чорабиниҳо

Мӯҳлат

Иҷрокунандагон

Масъулин

1

Омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҷавонон зикр гардидаанд

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр,

Ҳошимзода Р. муовини Раиси шаҳр

2

Таъсиси саҳифаи махсус дар рӯзномаи «Тирози ҷаҳон» бахшида ба фаъолияти ҷавонони шаҳр бо номи «Пайғоми ҷавонони шаҳр»

Феврал

Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Рӯзномаи «Тирози ҷаҳон»

Ҳошимзода Р.   муовини Раиси шаҳр

3

Пешниҳод намудани ҷавонони фаъоли шаҳр ба мактаби лидерони ҷавон бо номи «Насли фардосоз» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят

Феврал

Шӯъбаҳои ташкилӣ ва кор кадрҳо, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  кор бо занон ва оила,  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.   муовини Раиси шаҳр

4

Баргузории ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд

Апрел

Шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр Бобозода Т.К.

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр

5

Бо шиору овезаҳо бахшида ба «Соли 2017 - Соли ҷавонон» оро додани кӯчаю ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр, ташкил ва гузаронидани корҳои ободонию шанбегиҳо

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо маҳаллаҳо, иқтисод ва савдо, ҳифзи муҳити зист, кор бо занон ва оила,  КВДК «СОХМК», бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, нақлиёт ва алоқа, оид ба корҳои дин танзими  анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, саноат ва энергетика, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, миёна ва олӣ, идораи сохтмони асосӣ, тандурустӣ, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

6

Дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23 – май дар ташкилоту муассисаҳо

23 май

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

7

Инъикос намудани чорабиниҳои “Соли 2017-Соли ҷавонон” тавассути маводи видеоӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар ВАО

Доимӣ

Маркази иттилоотию таҳлилии Раиси шаҳр, рӯзномаи «Тирози ҷаҳон», бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

8

Андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешниҳод гардидани ҷавонони болаёқат ба захираи кадрҳо ва пешбарӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар мақомоти дахлдори давлатӣ

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, кор бо занон ва оила, бахшҳои саноат ва энергетика, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр Бобозода Т.К.

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр

9

Аёдати ҷавонони ятиму бепарастор, камбизоат ва имконияташон маҳдуд, ташкили Аксияи хайриявӣ таҳти унвони «Мо узви як ҷомеаем!»

Май

Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, агентии давлатии ҳифзи иҷтимои аҳолӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

10

Таъсиси филиалҳои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар кумитаи маҳаллаҳо, корхонаҳо, беморхонаҳо,   муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, ва олӣ ҷиҳати рушди фаъолнокии ҷамъиятӣ ва сиёсии ҷавонон

Соли 2017

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ташкилоту муассисаҳо, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр Бобозода Т.К.

роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр

11

Пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини таҳсилоти духтарон, оворагардон ва камбизоатон

Доимӣ

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, агенти меҳнат ва шуғли аҳоли, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, агентии давлатии ҳифзи иҷтимои аҳолӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

12

Таъсиси Маркази захиравии рушди ҷавонон дар шаҳри Хуҷанд

Сентябр

Шӯъбаи меъмори ва сохтмон, идораи сохтмони асосӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

13

Баргузор намудан ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ҷиҳати таъмин намудани ҷавонон ба ҷойи кор

Доимӣ

Шӯъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

14

Таъсиси гурӯҳҳои доимоамалкунанда «Нерӯи ояндасоз» бо ҷалби ҷавонони пешқадам ва ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ

Феврал

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, масъул оид ба соҳаи тандурустӣ, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ғайбуллозода Х. муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

15

Ташкил ва баргузории Аксияи ниҳолшинонии ҷавонон бахшида ба 20 - солагии Ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад!”

Январ- март

КВДК «СОХМК», шӯъбаи муҳити зист, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

 

 

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

16

Ташкил ва гузаронидани мусобиқаи ҳарбӣ - варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

 

Феврал

Шӯъбаи маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

17

Ташкил ва гузаронидани рӯзҳои дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, вохӯрии падару модарон, ҷавонони синни тодаъватӣ бо сарбозону афсарон ва ташкили барномаҳои фарҳангӣ

Март, май август

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, фарҳанг, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, комиссириати ҳарбӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

18

Таҳияи барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби ҷавонони фаъол оид ба мавзӯъҳои «Ҷавонон меросбари Оли Сомон» ва «Ҷавонон бо Пешвои миллат ифтихор доранд»

Мунтазам

Маркази иттилоотию таҳлилии Раиси шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

19

Ташкил намудани аксияҳои дар мавзӯи “Ба муҳофизати Ватани маҳбубамон омодаем!”, “Барои Тоҷикистони озоди соҳибистиқлол хизмат мекунем!”, “Садоқат ба Пешвои миллат-садоқат ба Ватан”

Феврал-сентябр

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сармутахассис-ҳукуқшиноси дасгоҳи Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

20

Озмуни иншои беҳтарин байни ҷавонон дар мавзӯи «Президенти мо – Пешвои мост»

Март

Шӯъбаи маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

21

Ташкил ва гузаронидани озмун байни духтарон таҳти унвони  “Гулдухтарони Суғдӣ”

Март сентябр

Шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

22

Фестивали рассомони наврасу ҷавон таҳти унвони "Тоҷикистон дар тасвирҳо"

Май

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ, рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

23

Конференсия дар мавзӯи "Ҷавонон ва муҳоҷирати меҳнатӣ, вазъият, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он"

Апрел

Шӯъбаҳои агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

24

Аксияи   ҷавонон таҳти шиори “Мо – ҷавонон Тоҷикистони маҳбубамонро  сабзу хуррам мекунем!” бо мақсади тоза намудани муҳити зист

Доимӣ

КВДК «СОХМК», шӯъбаи муҳити зист, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

 

 

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

25

Ташкили маросими ботантани гусели  сарбозони хизмати ҳарбӣ бо ташкили барномаҳои фарҳангӣ баҳри болидахотирии онҳо

Апрел-октябр

Бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ, рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”, сармутахассис-ҳукуқшиноси дасгоҳи Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

26

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудани ҷавонон аз ҷойҳои таърихиву маданӣ ташкил намудани сайёҳат ба шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Б.Ғафуров ва Исфара таҳти унвони «Худшиносӣ аз шинохти Ватан оғоз меёбад»

Июл-август

Бахши нақлиёт ва алоқа, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

27

Ташкил ва гузаронидани фестивали ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон созандагони имрӯзу фардои миллат»

Сентябр

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

28

Таъсиси Хонаи мӯд дар яке аз корхонаҳои саноатии шаҳр

Сентябр

Шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши саноат ва энергетика

Солизода Р.Р.

муовини Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

29

Чорабиниҳои фарҳангӣ маънавӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

 

Моҳи майи соли 2017

Тибқи накшаи алоҳида

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

30

Баргузории озмуни ҷумҳуриявии суханварони ҷавон таҳти унвони «Санъати сухан»

Феврал- июн

Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

31

Ташкил ва гузаронидани озмунҳои шаҳрии «Ансамблҳои рақсии кӯдакона» ва «Шашмақомсароёни наврасу ҷавон»

Феврал-июн

Бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

32

Озмунҳои «Ихтироъкорони наврас» ва «Бозиҳои миллӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Март

Шӯъбаи маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

33

Гузаронидани озмун байни ҷавонон бахшида ба Иди Наврӯз таҳти унвони «Арӯси Наврӯзӣ» ва «Кадбонуи беҳтарин»

Март

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва маркази иттилоотию таҳлилии Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

34

Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маданиву фарҳангӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ

Март

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, кор бо занон ва оила, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

35

Аксияи хайрхоҳӣ нисбат ба пиронсолону барҷомондагон таҳти унвони “Дар ҷавони дор пиронро азиз!”,

Март

Раёсати агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафаûа, шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахшҳои агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, маркази иттилоотию таҳлилӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

36

Эълон ва ҷамъбасти озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ваҳдат ва ҷавонон"

Март- июн

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус, Рӯзномаи “Тирози ҷаҳон”

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

37

Гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Апрел

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

38

Озмуни стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва супоридани он

Апрел- майи соли 2017

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

39

Баргузор намудани озмуни «Оилаи ҷавони беҳтарин» бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Май

Шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахшҳои ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, хонаи ақди никоҳ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

40

Баргузор намудани конфронси илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавон бо номи «Ҷавонон дар ҷодаи таҳқиқ»

Май

Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

41

Ташкили намоиши ҳунарии ҳайкалтарошони ҷавон «Ҳунар - пояи зар»

Май

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

42

Ташкил ва гузаронидани озмуни анъанавии Маликаи сол  - 2017

Май

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

43

Ташкил ва баргузории озмуни «ихтироъкорон ва навоварони ҷавонон

Ноябр

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

44

Ташкил ва баргузории озмуни «Ровии беҳтарин» байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Октябр

Шӯъбаи маориф,  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

45

Ташкил ва баргузории чорабиниҳои маънавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ бахшида ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябр

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

46

Ташкил ва баргузор намудани озмунҳо байни ҳунармандони ҷавон:

«Атласбофи беҳтарин»,

«Адрасбофи беҳтарин»,

«Қолинбофи беҳтарин»,

«Қанноди беҳтарин»

Тибқи ҷадвали алоҳида

Шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

47

Ташкил ва гузаронидани озмуни омӯзгори ҷавони беҳтарин таҳти унвони «Касби ман – ифтихори ман» байни омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Давоми сол

Шӯъбаи маориф,  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

48

Гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, конференсияҳои илмӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, ҳифзи муҳити зист, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ,  донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

49

Ташкил ва гузаронидани  Рӯзи китобхонаҳо ва осорхонаҳо таҳти унвони «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан»

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

50

Ташкил ва гузаронидани озмуни шаҳрӣ байни ҷавонон оид ба ҳунарҳои миллӣ ва рӯзгордорӣ (нонпазӣ, таомпазӣ)

Сентябр

Шӯъбаи кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

51

Ташкили ва баргузории озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ҷавонон пайрави Пешвои миллат"

Октябр

Шӯъбаи маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

52

Баргузории конфронси олимону муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи "Конститутсия ва ҷавонон: имкониятҳои иштирок дар ҳаёти сиёсӣ" бахшида Рӯзи Конститутсия ва "Соли ҷавонон"

Ноябр

Шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

53

Ташкил ва баргузор намудани озмуни китобхонаи беҳтарин байни китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Ноябр

Шӯъбаи маориф, бахши фарҳанг,   бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

54

Ташкили озмуни мақолаи беҳтарин дар мавзӯи "Ман бо Тоҷикистони маҳбубам ифтихор дорам"

Ноябр

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

55

Баргузории Аксияи ҷавонон бахшида ба "Рӯзи Президент" таҳти унвони "Ҷавонон пайрави Пешвои миллат"

Ноябр

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

56

Ташкили роҳпаймоии ҷумҳуриявии ҷавонон бахшида ба " Соли ҷавонон" ва "Рӯзи Парчами давлатӣ"

Ноябр

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

57

Баргузор намудани Аксияи ҷавонон таҳти унвони "Биёед китоб мехонем"

Ҳар се моҳа

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

58

Ташкил ва гузаронидани озмуни “Беҳтарин китобхони ҷавон” бо мақсади ҳавасмандгардонии ҷавонон ба китобхонӣ

Давоми сол

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

 

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

59

Ташкили мизҳои мудаввар, мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки мутахассисони соҳавӣ, сиёсатшиносон, намояндагони ҳифзи ҳуқук доир ба моҳияти терроризм ва эстремизм, пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсус ва олӣ

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

 

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

60

Ташкили мулоқоту вохӯриҳо, мизҳои мудаввар, таҳияи барномаҳои телевизионӣ бо ҷалби олимони сиёсатшинос, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба вазъи ҳассоси ҷаҳони муосир, доир ба масъалаи тақвияти мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, таблиғи нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр,  маркази иттилоотию таҳлилии Раиси шаҳр,  донишгоҳҳои олӣ, миёнаи махсус ва омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ

Ғайбуллозода Х. муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

61

Ташкили Аксия дар мавзӯи “Мо ҷавонон зидди нашъамандӣ!”

Июн

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, масъул оид ба соҳаи тандурустӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

62

Бо мақсади тарбия, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои занону духтарон, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, пойдории оила ва маърифати оиладорӣ, тарғиби либоси миллӣ ташкил намудани мулоқоту вохӯриҳо ва барномаҳои телевизионӣ  бо занони барӯманду собиқадор

Мунтазам

Шӯъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, асноди ҳолати шаҳрвандӣ, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, маркази иттилоотию таҳлилии Раиси шаҳр, сармутахассис ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр

 

Ғайбуллозода Х.

муовини авали Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

63

Баргузор намудани Рӯзи дави миллӣ таҳти шиорои "Ҷавонони солим - ҷомеаи солим"

Май

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

64

Баргузор намудани силсила чорабиниҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои бокс, намудҳои гӯштин, таэквондо, варзиши сабук, волейбол, тенниси рӯи миз, баскетбол, каратэ – до, чавгонбозц, қаиқронӣ, шоҳмот, футбол, ушу, вазнбардорӣ, волейболи соҳилӣ, шиноварӣ, бадминтон, теннис ва дигар намудҳои варзиш

Давоми сол

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

65

Баргузории Аксияи ҷавонон дар дарёи Сир бо воситаи заврақҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»

Июл

Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Суғд, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х.

муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

66

Ташкил ва баргузории велломарафон бахшида ба "Соли ҷавонон"  таҳти унвони "Варзиш, солимӣ, ҷавонӣ"

Тибқи нақшаи алоҳида

Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х. муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

67

Таҷлили Рӯзи варзишгарон

Август

Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

68

Таъмир ва тармими Муассисаи давлатии варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд

давоми соли 2017

Раёсати молияи шаҳр, идораи сохтмони асосӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

 

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

69

Таъмири ҳавзи шиноварӣ, бом ва бинои Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии захираҳои олимпӣ”-и шаҳри Хуҷанд

давоми соли 2017

Раёсати молияи шаҳр, идораи сохтмони асосӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

 

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

70

Сохтмони толори варзишии «Ҷашнӣ»-и Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии № 4»-и шаҳри Хуҷанд

Соли 2017

Соҳибкорон, шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ

 

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

71

Таъмири бинои маъмурии Муассисаҳои давлатии “Мактаби варзишии № 1” ва “Мактаби варзишии № 2”–и шаҳри Хуҷанд

То моҳи июни  соли 2017

Раёсати молияи шаҳр, идораи сохтмони асосӣ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд

 

Солизода Р.Р.

муовини раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр

72

Таъмиру тармими иншоотҳои варзишӣ ва бунёди майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон дар байни биноҳои баландошёнаи шаҳр

Давоми соли 2017

Раёсати молияи шаҳр, КВДК «СОХМК»,  шӯъбаҳои кор бо маҳаллаҳо, меъмори ва сохтмон, идораи сохтмони асоси, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

Ғайбуллозода Х. муовини якуми Раиси шаҳр

Солизода Р.Р. Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр иҷтимоӣ-фарҳангӣ

73

Таъмини мактабҳои варзишии шаҳр бо лавозимот ва либосҳои варзишӣ

Давоми соли 2017

Раёсати молияи шаҳр, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ

 

Ғайбуллозода Х. муовини якуми Раиси шаҳр

Ҳошимзода Р.

муовини Раиси шаҳр


Председатель города

Заместители Председателя

Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...
Раъно Хошимзода Раъно Хошимзода Заместитель председателя города Раъно Хошимзода с 6 февраля 2017 года занимает должность заместителя председателя города Худжанд. Хошимз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата Председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Рахматзода А.А. Рахматзода А.А. Заместитель Председателя городаРахматзода Аюбджон Алиджон родился 7 августа 1974 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет выс...

Руководители структур

Дадобоева М. О. Дадобоева М. О. Дадобоева Мухаё Обидшеховна. Родилась 25 февраля 1966 года в городе Худжанде, по национальности таджичка, имеет высшее образование. В 1990 г...
Ишонкулов Г.С. Ишонкулов Г.С. Ишонкулов Гайрат Саидбекович родился 25 февраля 1981 года в районе Б.Гафуров, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 2004 год...
Каримов М.М. Каримов М.М. Каримов Мирзокосим Мирзокаримович родился 17 сентября 1984 года в городе Худжанде в семье интеллигента. По национальности таджик. Имеет высш...
Алимов У. С. Алимов У. С. Алимов Усмон Собирджонович. Родился 20 мая 1958 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1979 году окон...
Дододжон Г. Дододжон Г. Дододжон Гафурджонов. Родился 11 июля 1954 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1977 году окончил И...
Косимов Б. И. Косимов Б. И. Косимов Бахтиёр Ибрагимович. Родился 23 января 1967 года, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1992 году окончил Ленинабадс...
Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Исматджонов Б. Х. Исматджонов Б. Х. Исматджонов Бахтиёр Хусейнович Родился 31 мая 1982 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2004 году окончил Худжандский государ...
Дадобоев М. М. Дадобоев М. М. Дадобоев Махмуджон Мамаджонович. Родился 27 ноября в городе Худжанде в семье рабочего. Таджик. В 1989 году после окончании военной службы в...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Миркамолов М.Н. Миркамолов М.Н. Миркамолов Мухсин Насруллоевич родился 10 ноября 1959 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1980 окончил Таджикский Государств...
Исоев А. А. Исоев А. А. Исоев Абдумубин Аскарович, родился 4 января 1966 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 1987 году окончил Политехнический Таджи...
Султонов И.И. Султонов И.И. Султонов Илхом Иномович родился 9 сентября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 2000 год...
Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Рахим Расул родился 20 июля 1978 году в городе Худжанде. По национальности таджик. Имеет высшее образование. В 2000 году окончил Т...
Абдуллаев М. Б. Абдуллаев М. Б. Абдуллаев Мухиддинхон Баховаддинович родился 20 сентября в 1966 году в городе Исфаре. Таджик. Образование высшее. В 2002 году окончил факуль...
Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода М.М. Мухаммадзода Муъмин Мухаммад. Родился 15 июня 1958 года в городе Худжанде. В 1981 году окончил Политехнический Институт Таджикистана по спец...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Каландаров И.Ш. Каландаров И.Ш. Каландаров Иброхим Шарифджонович родился 8 ноября 1963 года в Б. Гафуровском районе. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1...
Ёрматов А.Р. Ёрматов А.Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович родился 3 февраля 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1998 году ...
Бойматов Ф.М. Бойматов Ф.М. Бойматов Фирдавс Максудович родился 26 января 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 2005 году о...
Абдуллозода А.А. Абдуллозода А.А. Абдуллозода Абдумавлон Абдумаджид родился 6 июня 1968 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1986 год...
Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович Самадов Сухробджон Абдусамадович родился 29 декабря 1976 года в городе Худжанде. По национальности таджик, имеет высшее образование. В 1998 ...
Мирзозода Шахло Мирзозода Шахло Мирзозода Шахло родилась 29 марта 1969 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 2003 году  оконч...
Собитова М.А. Собитова М.А. Собитова Мунзифа Ахматовна родилась 14 сентября 1960 года в городе Худжанде. По национальности таджичка, имеет высшее образование, в 1982 го...

Посетители

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз428
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта930
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2257
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5542
mod_vvisit_counterҲамин моҳ18574
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта29902
mod_vvisit_counterҲамагӣ878642