(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Бо мақсади ворид намудани унсурҳои «Ҳукумати электронӣ», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сомонаи расмии худро бо суроғаи www.khujand.tj моҳи апрели  2008 омода ва дар шабақаи Интернет ҷойгир намуд ва то ба имрўз он самаранок фаъолият дорад.

Баҳри татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз моҳи сентябри соли 2009 сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти пурсамари худро ба роҳ мондааст.

Бо иттилоот таъмин намудани сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як паҳлўи фаъолият буда, дар ин самт низ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Ҳамарўза дар мавзўҳои гуногун 5-6 хабар ба сомона ҷойгир карда мешавад. Хонандагони сомона дар муқоиса ба солҳои пешина зиёд гардида истодааст. Баъди фаъол гардидани сомона, таваҷҷўҳи расонаҳои иттилоотӣ, хосатан оҷонсиҳои иттилоотӣ ба он афзуда, имрўза расонаҳои АМИТ «Ховар», «Суғднюс», «Фараҷ», «Азия плюс», «Авеста», “Спутник” ва сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо нишон додани сарчашма аз сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд фаровон истифода намуда истодаанд. Дар  ҷорӣ дар сомона зиёда аз 710 адад мавод нашр шудааст.

Бо назардошти талаботи замони муосир ва фарогирии рўйдодҳои шаҳр дар шабакаи ҷаҳонии интернет дар сомонаи «Фейсбук» саҳифаи махсуси «Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд» ифтитоҳ гардид, ки то имрўз он фаъол аст. Дар ин саҳифа лавҳаҳои ободонӣ ва чорабиниҳои муҳими сиёсии шаҳр ҷойгир карда шуда, аз он тамошобинон баҳрабардорӣ намуда истодаанд. Ҳамчунин ба маводҳои танқидии шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» шарҳу ҷавобҳои мунтазам ба нашр расида истодааст.

Ҳамчунин доир ба инъикоси дастовардҳои муҳими шаҳр ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ гузоришҳои махсус таҳия гардида, дар давраи ҳисоботӣ тариқи телевизионҳои СМ-1, Азия, 7-Ситора, Танин ва Диёр беш аз 85 адад чунин гузоришҳо пахш гардиданд. Зиёда аз 10 адад лавҳаҳо оид ба «Лолаҳои Хуҷанд» ва 14 адад ободонии шаҳр тариқи телевизионҳои маҳаллӣ таҳия ва пахш карда шуданд.Ҳамчунин доир ба дастоварди шаҳри Хуҷанд дар замони Истиқлолият ва саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши махсус таҳия гардида, тариқи телевизиони “Тоҷикистон” пахш гардид.

Ҳамчунин роликҳо оид ба саривақт гирифтани партовҳо, баланд бардоштани маданияти шаҳрдорӣ ва тозагии муҳити зист омода ва тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ пахш карда шуд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин давра баҳри тарғибу ташвиқи пешгирии бемориҳои сироятӣ махсусан, бемории сироятии нави коронавирус силсилаи маводу гузоришҳо таҳия ва нашр гардиданд. Дар ин самт се адад роликҳои тарғиботӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ду адад роҷеъ ба беҳдошти вазъи муҳити зист таҳия гардида, тариқи телевизионҳои маҳаллӣ ва вилоятӣ пахш карда шуданд. Вокуниши саривақтӣ ба ахбори бардурўғи гуруҳҳои бадхоҳи миллат расонида шуд.

Баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 феврали соли 2009, №622 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр эътибори ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ дар васоити ахбори умум 12 маводи танқидию таҳлилӣ дарҷу пахш гардида, ба ҳамаи онҳо вокунишҳо карда шуд.

 

Дар самти рушди соҳаи алоқа корҳои муайян сол аз сол таҳким ёфта, дар натиҷа, ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ ба андозаи 4,7 млн. сомонӣ хизмат расонида шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, олӣ ва касбӣ, инчунин тамоми идораҳои давлатӣ аз хизматрасонии интернетӣ бархурдор буда, шумораи умумии муштариёни алоқаҳои мобилӣ ва аз Интернет истифодабаранда зиёда аз 105,0 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Барои сокинони шаҳр 8 адад ширкатҳои алоқа ба монанди “Тоҷиктелеком”, Департаменти “Почтаи тоҷик”, “ТСЕЛ”, “Мегафон”, “Вавилон”, “ТК Мобайл”, “Телеком Технолоҷӣ” ва “Билайн” хизмат расонида истодааст.

Дар натиҷа аксари ниёзмандон аз ин намуди хизматрасонӣ пурра истифода бурда, дар ин ҷода муаммоҳои ҷиддӣ ба назар намерасад.

Дар шаҳр фарогирии пахши барномаҳои телевизион ва радиои “Шабакаи аввал”, “Сафина”, “Баҳористон”, “Ҷаҳоннамо”, “СТВ”, “Рақамӣ”, радиои “Тоҷикистон”, “Овози тоҷик”, “Садои Душанбе”, “Фарҳанг”,  “Радиои Суғд”, инчунин радиои маҳалии “Тирози ҷаҳон”, “Тироз”, “Пайванд”, “Салом Хуҷанд” ва “Шаҳри ман” 100,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ғунҷоиши  васлшудаи телефонҳо 52,2 ҳазор адад ва шумораи муштариён 41500 ададро ташкил мекунад.

Бояд зикр намуд, ки баҳри баланд бардоштани маърифати фарҳангию маънавии шаҳрвандон  дар хиёбонҳои И. Сомонӣ, Р. Набиев ва гирду атрофи театри ба номи К. Хуҷандӣ 70 адад баландгўякҳо насб карда шуда, ба аҳолӣ хизмат расонида истодаанд.

Аксари муассисаҳои давлатию шахсӣ, аз ҷумла сохтори нозироти андоз омор, мақомотҳои идоракунӣ ва дигарон дорои сомонаи интернети “Wi-Fi” буда, аз хизматрасонии ин намуди интернет бархурдор ҳастанд.

Дар шаҳр баҳри рушди хизматрасониҳои давлатӣ, ки дар шакли электронӣ пешкаш карда мешаванд, чораҳо андешида шуда, ҳамзамон чунин хизматрасониҳо дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар Раёсати омор, шуъбаи “Амонатбонк” дар шаҳр, нозироти андоз, молия  ва шабақаҳои барқии шаҳр ҷорӣ карда шуда, онҳо дастраси бемайлони аҳолӣ гашта истодааст.