(2 голоса, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар давраи ҳисоботӣ барои самаранок истифода бурдани иншоотҳои давлатӣ ва ба иҷора додани он чораҳои зарурӣ андешида шуда, он зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин марҳила бо тариқи музояда 104 адад шартномаҳо оид ба иҷораи амволи давлатӣ баста шуд, ки дар натиҷа зиёда аз 497 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин шуданд ва аз ҳисоби ин шартномаҳо ба буҷети маҳаллӣ 704,6 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Айни замон самти таҳкими иқтидори истеҳсолӣ, такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо менамояд. Дар баробари ин бо мақсади таъмини рушди итисодиёти шаҳр барои сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ муҳити солим омода карда шуда, дар ин давра 20,9 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла сармояи дохилӣ 10,5 миллион доллари амрикоӣ ва 10,4 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб карда шудааст. Сармояи хориҷӣ асосан ба соҳаҳои алоқа, саноат, хизматрасонӣ ва сармояи дохилӣ бештар ба соҳаҳои саноат, сохтмон ва хизматрасонӣ ворид шудаанд.

Дар ҷодаи баланд бардоштани савияи хизматрасонии коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист ва некӯаҳволии халқ марҳилаи дуюми Лоиҳаи инвеститсионӣ оид ба “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” ба маблағи 5910 ҳазор доллари амрикоӣ амалӣ гардида истодааст.

Лоиҳаи дигари инвеститсионӣ “Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” дар марҳилаи сеюм оғоз гардидааст,  ки ба маблағи 652,21 ҳазор доллари амрикоӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ бо нақлиёти мусофиркашон ва беҳтар намудани вазъи мусофиркашонӣ бехатарии экологии шаҳр бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Рушди нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд” то ин давра корҳои амалӣ ба иҷро расонида шудаанд. Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 26,0 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути ду марҳила амалӣ карда мешавад.