(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ қарори Раиси шаҳр аз 27 январи соли 2015, №78 «Дар бораи амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017 дар шаҳри Хуҷанд» ба тавсиб расида, дар ин самт чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст.

Дар натиҷа, барои қабули меҳмонон хатсайрҳои дохилӣ, ба монанди “Шоми Душанбе”, Искандаркӯл”, “Ҳафткӯли мӯъҷизадор” фаъолияти пурсамар доранд.

Айни ҳол дар шаҳр барои қабули сайёҳон 12 меҳмонхонаҳо фаъолият намуда истодаанд. Барои сайёҳон нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ аз сангҳою металлҳои қимматбаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ, намунаҳои ҳунарҳои дастии ҳунармандон фаъолият менамояд. Ҳамчунин дар шаҳр 32 ёдгориҳои таърихӣ, 3 ёдгориҳои археологӣ, 25 ёдгориҳои шаҳрсозиву меъморӣ ва санъат мавҷуд мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи соҳаи туризм ва муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии кишвар дар тахтаҳои таблиғотии кӯчаву хиёбонҳои шаҳр шиору овезаҳо дар мавзӯи рушди сайёҳӣ насб карда шуда, дар атрофи Маҷмааи таъриҳӣ - фарҳангии “Истиқлол” боғи фароғатӣ бунёд карда шуд, ки барои ҷалби бештари сайёҳии дохилию хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳоло барои пурра намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар кучаи Сирдарё меҳмонхонаи замонавӣ бунёд гардида истодааст, ки барои рушди ин соҳа  мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон устодон аз рӯи фанҳои “Сайёҳии байналхалқö”, “Бизнес сайёҳö” ва “Ташкили сайёҳии байналхалқö” ба донишҷӯён дарс дода истодаанд, ки заминаи хуб барои аз худ намудани соҳаи сайёҳö ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ин соҳа мебошад.