(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамчун тадбирҳои меҳварӣ ва муҳим ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ барои таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ 1343 адад муроҷиати оилаҳои эҳтиёҷманд оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 816 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон бо назардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талаботӣ дар комиссияҳои дахлдор мавриди муҳокима қарор гирифта, ба навбат гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби дар қайдбудагон ба 53 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, дар ин ҷойҳо асосан сохтмони манзил оғоз гардидааст.    Умуман, дар ин давра, дар қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудо гардида 64967 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии бо истифодабарии тарзу усули нав ва унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Бояд қайд намуд, ки нақшаи генералии шаҳри Хуҷанд дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010, таҳти №479 тасдиқ гардида, минбаъда корҳои сохтмонию меъморӣ танҳо дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим амалӣ карда шуда истодааст.

Ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо 190,0 млн. сомониро ташкил дода, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 104,8 млн. сомонӣ, ё 2,2 маротиба афзудааст. Дар ин давра 24 иншооти маданӣ-маишӣ, истиқоматӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуд.

Инчунин дар асоси иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 1998, №1021 “Дар бораи ба амал баровардани ҳуқуқи истифодабарии замин” ба 619 нафар шахсони воқеию ҳуқуқӣ Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дода шуд.

Дар рафти гузаронидани корҳои назоратӣ давлатии истифода ва ҳифзи замин 245 адад қонунвайронкуниҳои замин дар майдони 18981,5 м.кв. муайян карда шуда, нисбати ин қонунвайронкунандагон дар асоси моддаи 55-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 117,0 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки аз он 95,3 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.