(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ҲИСОБОТИ
шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр дар соли 2016

Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр дар соли 2016 фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарору амрҳои Раиси вилоят, Раиси шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, корҳои муайянро амалӣ намуд. Дар давраи ҳисоботӣ раисони кумитаи маҳаллаҳо дар ҷаласаҳои кории Раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари дастгоҳ, доир ба рафти иҷроиши қарору амрҳои Раиси шаҳр, оид ба масоили ободонию кабудизоркунии маҳаллаҳо, тоза нигоҳ доштани маҳалли зист, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз қабили шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, таҷлили иду ҷашнҳои таърихӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва обуна ба рӯзмонмаву маҷаллаҳои даврӣ, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. ширкат намуданд.
Шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои дастгирии маъюбон, ятимон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон ва шахсони барӯманди маҳаллаҳои шаҳр таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда,  бо иштироки бевоситаи Раиси шаҳр дар арафаи ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла бахшида ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, Иди Наврӯзи байналмилал, Иди Ғалаба, Рӯзи ҳифзи байналмилалии кӯдакон, идҳои Шарифи Рамазон ва Қурбон ва ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10,5 ҳазор нафар бо тӯҳфа ва маводи хӯрока аёдат карда шуданд.
Инчунин дар соли 2016 тибқи ҷадвали тасдиқгардида мулоқоти Раиси шаҳр бо сокинони ҳамаи 22 маҳаллаҳои шаҳр доир гардид. Дар ҷараёни вохӯриҳо перомуни масоили ободонӣ, мумфарш кардани кӯчаҳо, ивази намудани симчӯбҳои чӯбин ба бетонӣ, кашидани хаттӣ оби нӯшокӣ, таъмири трансфарматор, насб намудани ҳисобченкунакҳои электронӣ, гузаронидани хаттӣ барқ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Кумитаи маҳаллаҳои шаҳр дар соли сипаришуда тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳр дар бобати сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои таърихӣ, аз ҷумла Наврӯзи байналмилал ва 25-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва гулшинонӣ дар доираи 300 рӯзи ободонӣ ва созандагӣ, корҳои назаррасро амалӣ намуданд.
Дар соли 2016 озмуни шаҳрии хона, оилаи намунавӣ ва маҳаллаи беҳтарин гузаронида шуд. Баъди омӯзиши комиссияи озмун, тибқи меъёрҳои баҳогузорӣ, ғолибони озмун муайян гардиданд. Чунончи дар озмуни “Оилаи намунавӣ” беш аз 42 оила ширкат варзида, 3 оила ғолиби озмун дониста шуданд. Дар озмуни “Хонаи намунавӣ” бошад 65 хонаи манзили истиқоматӣ иштирок варзида, 3 адад хона ғолиби озмун ҳисобида шуд. Дар озмуни  “Маҳаллаи беҳтарин” ҳамаи 22 маҳаллаҳои шаҳр фаъолона ширкат намуданд ва бо назардошти меъёрҳои баҳогузории озмун маҳаллаҳои  “Сирдарё “ ҷои якум, Масчиди Савр” ҷои дуюм, ва “Чорчароғ ҷои сеюм ноил гаштанд ва бо дипломи дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм ва бо мукофоти пулии 3000 сомонӣ, 2000 сомонӣ ва 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар давоми соли 2016 мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, ба шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр 200 адад ҳуҷҷатҳо, қарорҳо, протоколҳо, таъиноти судӣ ва дигар дастуру супоришҳо ворид гардиданд. Инчунин 70 адад супоришҳои Раиси шаҳр дар асоси муроҷиати хатии шаҳрвандон ва 60 адад муроҷиати шифоҳӣ барои баррасӣ ворид гардиданд. Барои ҳаллу фасли он дастуру супоришҳо аз ҷониби масъулини шӯъба ва раисони маҳаллаҳо корбарӣ шуда, саривақт он дар мӯҳлати муайяншуда ҷавоб гардонида шуд. Ҳамаи амру фармон, супоришҳо, мактубу санадҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояту шаҳр ва идораҳои дахлдор ба номи шӯъба ворид мегардад, саривақт дар ҷаласаҳои шӯъба дида баромада, баҳри иҷро ва амалӣ намудани он раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд.

Мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи Раиси шаҳр                                                                         М. Алибоев