(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Дар шаҳр 16 муассисаҳои тиббӣ: беморхонаи клиникии шаҳрии №1 (дорои 460 кат), беморхонаи шаҳрии №2 (дорои 150 кат), беморхонаи бемориҳои сироятӣ (дорои 270 кат), таваллудхонаи шаҳрӣ (дорои 140 кат), 6 Марказҳои саломатии шаҳрӣ, Дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ, Хонаи кўдакон (дорои 70 кат), Стансияи ёрии таъҷилӣ, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим фаъолият мебаранд. Дар Марказҳои саломатии шаҳрии №1,5 шўъбаи бистарии рўзона бо 20 кат фаъолият доранд.

Дар шаҳр 10 нуқтаи балғамҷамъкунӣ ва 3 лаборатория амал мекунад, ки онҳо бо микроскопҳои бинокулялӣ, реактивҳо, контейнерҳо таъмин буда, дар ин лабораторияҳо мутахассисони баландихтисос фаъолият мебаранд.

Баҳри беҳтар намудани хизматрасонии наркологӣ ба аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ёрии наркологӣ” дар назди ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳр ҳуҷраҳои наркологӣ амал мекунанд.

Баҳри татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020” Шўрои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода шудааст.

Аз тарафи кормандони ин марказ дар муассисаҳои табобатии шаҳр нисбати пешгирии бемориҳои зуком, ботулизм, зардпарвинаҳамияти оби тоза, вируси норасоии масунияти одам, вараҷа ва ғайраҳо сўҳбату вохўриҳо мунтазам гузаронида мешавад.

Дар ин давра баҳри пешгирии бемориҳо ва дар ҳудуди шаҳр 9 маротиба “Дўкони саломатӣ” ташкил карда шуда, дар байни аҳолӣ варақаҳои таблиғотии ройгон тақсим карда шуданд.

Дар Марказҳои саломатӣ талабот ба табибон 37 нафар ва ба кормандони миёнаи тиб 14 нафар мебошад, дараҷанокии табибон 184 нафар 77,8 фоиз, кормандони миёнаи тиб 249 нафар 50,3 фоизро ташкил менамояд.

Дар муассисаҳои тиббии шаҳр 2260 нафар кормандони тиб адои вазифа доранд. Аз онҳо 580 духтур, аз ҷумла: 139 нафар духтурон бо дараҷаи олӣ, ҳамшираҳои шафқат 831 нафар бо дараҷаи касбӣ ва 849 нафар дигар кормандони тиб фаъолият доранд.

Дар асоси “Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Марказҳои саломатии шаҳрӣ хизматрасонии тибби оилавӣ ҷорӣ карда шуда, то давраи ҳисобот 140 духтурони оилавӣ ва 235 нафар ҳамшираҳои тиббӣ оилавӣ хизмат мерасонанд.