(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 1207 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маъракаи гузаронидашуда, 122 адад маърака кам мебошад. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ тақрибан 8 млн. 596 ҳазору 100 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 2 млн. 449 ҳазору 200 сомонӣ зиёд масраф гаштааст.

Дар ин давра назорати санҷиши мунтазам аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва аъзоёни комиссияи доимии маҳаллӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, дар натиҷа 9 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷиҳати риоя накардан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳангоми баргузории ҷашну маросим ошкор карда шудааст. Нисбати шахсони қонунвайронкунанда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳри Хуҷанд ирсол карда шуд.

Тибқи талаботи моддаи 51-и қонуни мазкур оид ба таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ дар 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, дар корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр буда, новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, комиссияи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. То ин муддат миқдори чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ 145 ададро ташкил дод. Дар асоси қисми 1, банди 1-и нақшаи фаъолияти комиссияи доимӣ 50 комиссияҳои ҷамъиятии корхонаву муассисаҳо санҷида шуд.