(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳр дар давоми соли 2017 2716 адад маърака ба қайд гирифта шуда, нисбат ба соли гузашта 166 маърака зиёд мебошад. Аз ин шумора тӯи арӯсию домодӣ 1581 адад буда, нисбат ба соли гузашта 153 адад зиёд, хатнасур 859 адад буда, нисбат ба соли гузашта 16 адад зиёд, маъракаи чил 180 адад буда, нисбат ба соли гузашта 7 адад кам ва маъракаи сол 96 адад буда, нисбат ба соли гузашта 4 адад зиёд баргузор гардидааст.

Дар ин давра 18 ҳолати қонунвайронкунӣ ҷиҳати риоя накардан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор карда шуда, нисбат ба соли 2016-2 ҳолати қонунвайронкунӣ кам ба назар мерасад.

Дар ҳудуди шаҳр 1 масҷиди ҷомеаи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ, 36 масҷиди панчвақта ва 8 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ расман фаъолият доранд.

Санаи 28 ноябри соли 2017 мувофиқакунонии имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ гузаронида шуда, аз рӯи хулосаи комиссия ҳамаи имомхатибон ба вазифаи ишғолнамудаашон мувофиқ дониста шуданд.

Ҷиҳати баргардонидани шаҳрвандоне, ки дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил менамоянд, мунтазам тадбирҳои судманд андешида шуда, 2 нафар донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои  динии шаҳри Қуми Ҷумҳурии исломии Эрон Юсупов Фазлиддин ва дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ Бобоев Аҳмадхон таҳсил менамуданд ба Ватан баргардонида шуданд. Баҳри зудтар баргардонидани 2 нафар шаҳрвандоне, ки  дар Донишгоҳи исломии шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистон таҳсили худро идома дода истода, тадбирҳо андешида шуда истодааст.

Дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо иборат аз 27 нафар таъсис дода шудааст.

Тибқи талаботи моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” оиди таъсиси комиссияи ҷамъиятӣ дар 22 кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, дар корхонаву муассисаҳои дар ҳудуди шаҳр буда, новобаста аз шакли моликияташон, ки зиёда аз 30 нафар корманд кору фаъолият менамоянд, комиссияи ҷамъиятӣ ташкил карда шудааст. То ин муддат миқдори чунин комиссияҳои ҷамъиятӣ 190 ададро ташкил дод.

Ба муносибати идҳои расмӣ ва ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бо ҷалби соҳибкорони саховатманд хатнасури хайриявии 174 нафар кӯдакони ятиму бепарастор аз Хона интернати кӯдакон ва аз оилаҳои камбизоат дар 30 маъракаи хайриявӣ гузаронида шуд.