(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Маълумотномаи
фаъолияти бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2016

Бахши мазкур маълумотҳоро вобаста ба иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар давоми соли 2016 пешниҳод менамояд:
Тибқи ҳисоботи оморӣ дар шаҳри Хуҷанд дар давоми соли 2016 - 2550 адад маърака ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, тӯи арӯсию домодӣ 1428 адад, хатнасур 843 адад, маъракаи чил 187 адад, маъракаи сол 92 адад баргузор гардидааст. Хароҷоти маъракаҳои гузаронидашуда ба таври умумӣ 20.434.700 сомониро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат 20 ҳолати қонунвайронкунӣ дар маъракаҳои шаҳрвандон ошкор карда шуд. Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон бинобар вайрон намудани талаботи моддаҳои 8,9,10 ва 14-и қонуни танзим маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суди шаҳр ирсол карда шуд.
Бо ҷалби шахсони саховатманд дар 24 чорабинӣ хатнасури хайриявӣ 157 нафар кӯдакони ятиму бепарастор ва тӯи домодию арӯсии хайриявии 3 ҷуфт навхонадорон ташкил ва гузаронида шуд.
То ҳамин давра аз тарафи масъулин якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 51 нафар шаҳрвандон аз мадрасаҳои динии хориҷи кишвар ғайриқонунӣ таҳсил менамуданд, бозпас намуданд. Айни ҳол 4 нафар донишҷӯён таҳсилашонро идома дода истодаанд.
Бинобар барномаи таълимии мадрасаи мутавасситаи “Имом аъзам”-и шаҳри Хуҷанд бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда нашудаш аз соли 2013 то инҷониб фаъолияти мадрасаи мазкур боздошта шуда буд. Бо фармони Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мадраса моҳи декабри соли 2016 аз феҳрести давлатӣ бароварда шуд.
Ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ бинобар вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” нисбати 20 нафар шахсони ҳуқуқвайронкунанда маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, дар асоси қарори мудири бахш ҷарима ба фоида давлат ситонида шуд.
Дар рафти амалиёти назоратӣ 79 адад адабиётҳои динӣ ва 122 адад видеокассетаҳо бо тартиб додани санади дахлдор мусодира карда шуд.
Бо ҷалби имомхатибон зиёда аз 28 мақола дар рӯзномаҳои вилоятиву маҳаллӣ рӯи чоп оварда шуд. Дар ин муддат мудири бахши мазкур дар барномаи  мустақими “Соати ҳуқуқӣ”-и телевизиони вилояти Суғд, барномаи “Набзи зиндагӣ” –и радиои “Шаҳри ман” ва дар барномаи телевизонии мустақими фарҳангӣ-фароғатии “Субҳи диёр” –и ШТР “Диёр” доир ба татбиқи қонуниҳои мазкур баромад намуда, ба суолҳои шаҳрвандон посухҳои мушаххас дод.