(31 овоз, миёна 3.90 аз 5)

Фирӯза НуруллозодаМуовини Раиси шаҳр

Фирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм намудааст. Номзади илмҳои филологӣ мебошад.

Фаъолияташ соли 2002 оғоз шуда, то соли 2004 омӯзгори забони арабӣ дар МТМУ № 3-юми шаҳри Хуҷанд буд. Фаъолияти минбаъдааш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома ёфт. Аввал аспирант, сипас сармуаллим, дотсенти кафедраи грамматикаи забони арабӣ ва декани факултаи забонҳои шарқии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буд. Бо забонҳои форсӣ, арабӣ ва русӣ озода муошират мекунад.

Тайи солҳои 2010-2011 дар мансаби мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳнат кардааст. Оиладор соҳиби фарзандон аст.

Фирӯза Нуруллозода бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 апрели соли 2018 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.