(12 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷамшед Абдуқаюмзода АлиҷонӣМуовини Раиси шаҳр

Ҷамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуд. Донишгоҳро соли 1999 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм карда, фаъолиятро ҳамчун муҳаққиқ-тадқиқотчии кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз намуд. Тайи солҳои 2000-2003 ассистенти кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буд. Сипас, фаъолияташро дар Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд идома дода, ҳамчун муаллими калони кафедраи назарияи иқтисод ва иқтисодиёти ҷаҳон кор кард. Дар фурсати солҳои 2006-2010 дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ ва сипас, мудири ҳамин кафедраи Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буд. Соли 2010 барои идома додани фаъолият ба Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омада, ба сифати декани факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ муддати панҷ сол заҳмат кашид. Тайи солҳои 2015-2018 мудири шуъбаи магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд буд.

Номзади илмҳои иқтисод буда, соҳиби оилаи обод мебошад.

Ҷамшед Абдуқаюмзода бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 апрели соли 2018 муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.