(12 овоз, миёна 3.00 аз 5)

Раҳматзода Аюбҷон АлиҷонМуовини Раиси шаҳр

Раҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ.
Соли 1997  Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси меъмор хатм кардааст. Солҳои 1997-2002 чун аспиранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсли илм намуда ҳамзамон  солҳои 1997-1999 дар вазифаи муҳандис-сохтмончии корхонаи хурди «Меҳнат»-и шаҳри Хуҷанд  фаъолият намудаст. Солҳои 2000-2001 лоиҳакаши калони пажӯҳишгоҳи «Ленгипрострой», шаҳри Хуҷанд ва  солҳои 2001-2002 чун дизайнери раёсати хоҷагии коммуналии вилояти Суғд  кор намудааст. Солҳои 2002-2006 меъмори калони пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Бюрои хоҷагии меъмории назди Ҳукумати вилояти Суғд буд. Солҳои 2006-2007 дар вазифаи мутахассиси Саридораи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намудааст. Соли 2007 сармеъмори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардида, соли 2008  иҷрокунандаи мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буд. Солҳои 2008-2012 мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва солҳои 2012-2017 чун сармутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият кардааст.
Санаи 31 майи соли 2017 ба вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.