(50 овоз, миёна 4.06 аз 5)

Ҳомидзода Абдуваҳоб АбдумаҷидРоҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳр

Абдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷер хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатии худро соли 2002 дар вазифаи мутахассиси шуъбаи робитаҳои бурунмарзӣ ва фаъолияти инвеститсионии шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст. Солҳои 2004-2006 мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд. Аз соли 2006 то соли 2007  мудири шуъбаи савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ифои вазифа намуд. Солҳои 2007-2011 фаъолияти худро чун сармутахассиси бахши савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд идома дода, аз соли 2011 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Санаи 8 майи соли 2017 бо Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.