(53 овоз, миёна 4.06 аз 5)

Хайрулло ҒайбуллозодаМуовини аввали Раиси шаҳр

Хайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид.
Хайрулло Ғайбуллозода 18-уми июли соли 1970 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1987 баъди хатми мактаби миёна ба Филиали хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1996 бо ихтисоси муҳандис- технологи матоъ ва кешбофӣ хатм кардааст.
Солҳои 1998-2002  дар факултаи ҳукқуқшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таҳсил карда, соҳиби дипломи ҳуқуқшиносӣ гардидаат. Вай ҳамчунин дастпарвари Академияи хизматчии давлатии Федератсияи Русия ва аспиранти ДДҲБСТ низ мебошад.
Хайрулло  Ғайбуллозода фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 дар комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд ба сифати ёрдамчии усто оғоз намуда, соли 1993 тариқи гузариш ба корхонаи муштараки «Ҷавонӣ» ба кор мегузарад. Дар ин муассиса аз коргари оддӣ то ба дараҷаи директори генералии коргоҳ фаъолият бурдааст.
Аз соли 2009 ба сифати муовини директори ҶДММ «Текстил-Сити» фаъолият бурда, минбаъд  аз соли 2010 то соли 2015 сарварии КВД «Садаф»-ро ба ӯҳда дошт. Аз моҳи январи соли 2015 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини якуми Раиси шаҳр, муовини сардори ширкати молиявӣ- қарздиҳии хурди «Хубҷамъ» буд. Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.