(10 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҳмонзода СултонРаҳмонзода Султон Раҳмон бо амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2018 ба мансаби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.

4-уми декабри соли 1978 таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм намудааст. Солҳои 2014-2017 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло адо кардааст. Солҳои 2015-2016 Донишкадаи баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустиро хатм намудааст.

Солҳои 2017-2018 шунавандаи мактаби захираҳои кадрии ҲХДТ дар вилояти Суғд буд. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ фаъолият бурда, аз моҳи марти то июли соли 2018 ба ҳайси сардори шӯъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёти Хадамоти назорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд кор кардааст. Бо Амри Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2018 ба мансаби сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст. Бо унвонҳои «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ҷашнии ҲХДТ сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд аст.