(32 овоз, миёна 4.84 аз 5)

Каримов МанучеҳрКаримов Манучеҳр Мухторович бо фармоиши Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2018 бо тариқи гузариш ба мансаби сардори Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Хуҷанд таъин гардидааст.

5-уми январи соли 1990 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемурро бо ихтисоси духтури тибби ветеринарӣ бо дипломи аъло хатм намудааст.

Аз соли 2011 ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои мутахасис, мутахасиси пешбар, сармутахасиси Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Хуҷанд фаъолият бурдааст.

Оиладор, соҳиби 1 фарзанд аст.