(7 овоз, миёна 2.57 аз 5)

Солизода РаҳимСолизода Раҳим Рашидӣ бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин гардид.

Солизода Раҳим Рашидӣ 8 августи соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна соли 1984 ба Донишкадаи давлатии полиграфии шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина дохил мешавад. Онро соли 1991 бо ихтисоси муҳандиси технологияи саноати полиграфӣ ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба ҳайси устои калони матбааи аввалини шаҳри Хуҷанд оғоз намудааст.

Аз соли 1993 то соли 1997 вай фаъолияти худро дар соҳаи гумрук идома додаст. Солҳои 1997-2000-ум ваколатдори  фаврии махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара буд. Соли 2003 ӯ ҷамъияти саҳҳомии «Китоб»-ро дар ноҳияи Б. Ғафуров таъсис дода, онро то соли 2008 сарварӣ намудааст.

Аз соли 2008 то таъин шуданаш ба вазифаи муовини Раиси шаҳр мудири шӯъбаи энергетика ва саноати МИҲД шаҳри Хуҷандро ба ӯҳда дошт.

Аз 2-июни соли 2016 то моҳи июли соли 2017 дар маснади муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.

Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз моҳи июли соли 2017 ба вазифаи мудири бахши нақлиёт ва алоқа таъин карда шуд.

Вай дорои рутбаи тахасусии мушовири хизмати давлатии дараҷаи 1-ум мебошад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд аст.